Қазоқистон воридоти баъзе навъҳои арақи русиро манъ кард

Ҳукуматдорони Қазоқистон фурӯши чанд навъи машруботи спиртӣ ва пивои тавлиди Русияро дар қаламрави кишварашон манъ карданд.

Сабаби он мутобиқат накардани маҳсулоти алкулӣ ба меъёрҳои бехатарӣ эълон шудааст, хабар медиҳад ожонсии Tengrinews истинодан ба хадамоти матбуотии вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон.

"Аз мутобиқат накардан ба талаботи маводи ғазоӣ дар қаламрави Қазоқистон фурӯхтани навъҳои машруботи спиртии  "Талка", "Империя", "Дикий гус", "Зеленая марка "Ржаная", "Русский гарант качества", "Рублевка", "Посолская" манъ шуд”,-омадааст дар хабари дафтари матбуотии ниҳоди ёдшуда.

Ҳамчунин навъҳои пивои Miller Genuine Draft, Hoegaarden White, Grolsch Premium Lager, Brahma, Pilsner Urguell, "Жигули" ва ғайра низ мамнуъ эълон шудааст. 

Вазорати иқтисоди Қазоқистон шаҳрвандони ин кишварро ҳамчунин ҳушдор додааст, ки дар вақти харидории ин нӯшокиҳои спиртӣ ба тамғакоғази он назар андозанд, то ин ки фиреб нахӯранд. Маскав ҳоло ин иқдоми Остонаро шарҳ надодааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?