Қатли ваҳшиёнаи ду ҷавонзан дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе ду зан ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот ба танфурӯшӣ машғул будаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ҷасади ин ду зани шахсияташон номаълумро ба қисмҳо ҷудо карда, дар соҳили дарёи Душанбе партофтаанд.

Гуруҳи оперативии Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо гумони содир кардани ин ҷиноят се ҷавони 23, 25 ва 26-соларо дастгир кардааст. Яке аз гумонбарони сокини ноҳияи Восеъ, дигарӣ сокини ноҳияи Варзоб ва сеюмин истиқоматкунандаи пойтахт будааст.

-21-уми июли соли равон, номбурдаҳо бо зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда, аввалан барои муносибатҳои шаҳвонӣ ӯро ба манзили истиқоматиашон ба кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои маблағ бераҳмона ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ҷасадро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар ҷузвдон ва халтаи полиэтиленӣ гирифта, ба дарё мепартоянд.     

Ҳамин тариқ гумонбаршудагон, такроран даст ба ҷинояти махсусан вазнин зада, санаи 27-уми июли соли 2016, тахминан соатҳои 03:00-дақиқа, бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ, зани 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои пул бо воситаи болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидаанд,-мегӯяд манбаъ.

Номбурдагон барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамуда ҷасади занро бо корди хоҷагӣ ба қисмҳо ҷудо карда, ба ҷузвдони сиёҳ ва селофани полиэтиленӣ ҷой намуда, ба дарёи Душанбе партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Нисбати гумонбарон бо моддаи 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 

 

Назарҳо

аз як чихат дуруст кардан ,балки милисахои мо ягонтаи онхоро махкама намекунад ,ва хукумат барои фоишахо конуни хуб намебарорад ки онхо тарсану фоишаги накунанд ,пас дар инчо гунахкор боз хам хукумат мебошад ,балки онхоро озод мемонад гардан

Шояд шумо суол ё назаре доред?