Қатли навраси тоҷик аз сӯйи се ҷавони аз 15 то 18-сола дар Санкт-Петербург

Пулиси шаҳри Санк- Петербурги Русия мегӯяд ба иттиҳоми даст доштан ба қатли як навраси 17-солаи тоҷик се нафар аз ҷумлаи сокинони маҳаллиро боздошт кардааст. Ин ҳодиса шаби чаҳоршанбе, 3-уми август дар ноҳияи Красногвардейски шаҳри соҳили Нева рух додааст.

Ин шаҳрванди ҷавони Тоҷикистонро дар ҳоли латукӯбшуда дар назди мағозаи шабонарӯзӣ, воқеъ дар кӯчаи Ленский раҳгузарони тасодуфӣ диданд. Ҷасади ҷавони тоҷик каме дуртар аз маркази савдо дар хиёбони ба номи Косигин мехобид.

Гуфта мешавад, ки нимишабӣ вай хост ба мағоза дарояд ва чизе барои хӯрдани худ харад. Вале бино ба гуфтаи тафтишот дар мағоза миёни ӯ ва гуруҳи наврасон баҳс шуруъ шуд. Дар ин бархӯрд навраси тоҷик чандин захми корд бар пушт хӯрд.

Дасту пойи ӯро задаву шикастанд. Ҳарчанд ҷабрдидаро ба бемористон интиқол доданд, вале вай бо вуҷуди ҳама талошҳои духтурон ҷонашро аз даст дод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтаанд, ки ба иттиҳоми даст доштан ба ин ҷиноят се сокини маҳаллиро боздошт кардаанд, ки ҳамаи онҳо аз 16-18 сол беш надоштанд.

Ҳатто яке аз боздоштшудагон духтари 15-сола будааст. Аз боздоштшудагон асбобҳои бейсбол, корду чоқуҳо мусодира шудааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?