Қатли хусур ва хушдомани Фурқати Сайид дар Душанбе

Шаби якшанбе ба душанбе афроди номаълум хусур ва хушдомани ҳунарманди шинохта Фурқати Сайидро ба қатл расонданд.

Қатли ваҳшиёна дар манзили зисти онҳо воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахти кишвар рух додааст.

Маркази матбуоии Вазорати корҳои дохилӣ алҳол аз шарҳи расмии ин ҳодиса худдорӣ кардааст, аммо гуфтааст, ки мақомоти умури дохила гумонбарони ин куштори ваҳшатнокро ошкор кардаанд.

Алҳол барои боздошт чораҳо андешида шудаанд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?