Қатли ҷавони тоҷик дар муноқиша бо озарбойҷониҳо дар Русия

Дар пайи муноқишаи як гуруҳи озарбойҷониҳо бо тоҷикон Меҳрёр Давлатови 24-сола ба ҳалокат расидааст.

Дӯстони Меҳрёр Давлатов гуфтаанд, дар муноқиша ӯ шарик набуд, танҳо пурсидааст, ки чи гап шуда истодааст. Аммо шаҳрвандони Озарбойҷон ба Меҳрёр низ ҳамла карда, бо “арматур” ба сараш задаанд. Ҳодиса дар Барнаули Русия рух додааст.

Меҳрёр Давлатов зодаи деҳаи Ворухи шаҳри Исфара мебошад, ки аз ӯ дӯстонаш ҳамчун ҷавони ҳалиму поктинат ёд кардаанд.

Қотили Меҳриёрро то ҳол дастгир накардаанд, аммо тафтишот идома дошта гунаҳкоронро ҷустуҷӯ доранд. 

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?