Қатъи сармоягузории Қатар ба маҷмааи “Диёри Душанбе”

Тарҳи "Диёри Душанбе" дар соҳили кули "Ҷавонон" ва канали Душанеб

Қатар сармоягузории марҳилаҳои минбаъдаи маҷмааи сохтмонии “Диёри Душанбе”-ро қатъ кардааст.

Як манбаи наздик ба ширкати қатарии Diar Real Estate Investment, ки сармоягузори”Диёри Душанбе” мебошад, дар ин бора ба TojNews хабар дод. Ӯ мегӯяд, ки сабаби қатъи идомаи сохтмонҳо даст кашидани ин ширкат аз идомаи сармоягузорӣ мебошад.

Аммо масъулини маҷмаи “Диёри Душанбе” ин иттилоро рад карда мегӯянд, ки марҳилаи аввали бунёди маҷма ба анҷом расида, барои даври дуюм пудратчӣ ҷуста истодаанд.

Дар суҳбати телефонӣ як масъули ширкат гуфт, ки “моҳи апрели соли равон марҳилаи аввали сохтмони ин маҷмаа ба анҷом расида, дар назар аст сохтмони марҳилаи дуввум дар давоми як сол шурӯъ шавад. Барои ин кор мо бояд аввал тендер гузаронида, ширкати пудратчиро барои даври дуввум интихоб кунем.”

Ин масъули ширкати “Қатари Диёр” дар ҳоле аз анҷоми ин марҳила дар моҳи апрели соли равон хабар медиҳад, ки марҳилаи аввал ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта ба анҷом расида буд. 18-уми ноябри соли 2014 ширкати “Qatari Diar” дар дафтари марказияш дар шаҳри Дохаи Қатар аз анҷоми марҳилаи аввали сохтмон ва оғози фурӯши хонаҳо хабар дода буд. Бо гузашти 9 моҳ аз анҷоми марҳилаи аввал идомаи давраҳои баъдӣ шурӯъ нашудааст.

Манбаъҳои наздик ба ширкат мегӯянд, ки харидор наёфтани манзилҳо дар марҳилаи аввали тарҳ боис ба қатъи сармоягузорӣ шудааст. Дар марҳилаи аввали маҷмаа 67 манзил ба истифода дода шуд, ки теъдоди башумори он ба фурӯш рафтааст. Нархи як метри мураббаъи манзил дар ин маҷмаа аз 2 ҳазору 500 доллар сар мешавад.

Гарчи дар маҷмааи “Диёри Душанбе” истисноан хориҷиён низ ҳуқуқи харидории хонаҳои истиқоматиро доранд, аммо то ҳол ягон шаҳрванди хориҷӣ хона нахаридааст.

Маҷмааи “Диёри Душанбе” дар масоҳати қариб 7 гектар бунёд шуда, аз рӯи нақша 5 бинои истиқоматӣ, маркази биснес, минтақаи меҳмоннавозӣ, маркази намоишгоҳ, маркази савдо ва кӯдакистонро дар бар мегирад. Маблағи умумии бунёди он 300 миллион доллари ИМА арзёбӣ мешуд.

Тарҳи мазкур бо нахустин сармояи Қатар дар Тоҷикистон бояд бунёд меёфт. Созишнома барои татбиқи лоиҳаи “Диёри Душанбе” 26-уми августи соли 2011 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Diar Real Estate Investment-и давлати Қатар ба имзо расида буд.

Ин ширкат соли 2005 таъсис ёфта, дар назди давлат фаъолият дорад.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Хаха эээ хандондед дяяя!!!! Охир бо ин апетити шумо Шайх хой Араб хам коил шуданд ана акнун рохи гурез мекобан хахаха!!!!!!!!!
Корупсия дар холи авч аст... сармоягузорон аз нарху чой на аз фасод мегурезанд

Шояд шумо суол ё назаре доред?