Кашфи Сайёраи нав, ки 2,5 баробар бузургтар аз Замин аст

Астрофизикҳо бо ёрии телескопи кайҳонии "Кеплер" сайёраи аҷиберо кашф карданд, ки 2,5 баробар калонтар аз Замин мебошад. Дар ин бора ахиран маркази матбуотии НАСА хабар дод. 

Ин сайёра ҳоло HIP 116454b номида шуда, аз Замин ба масофаи 180 соли рушноӣ дуртар дар суратфалаки  бурҷи Ҳут ҷойгир шудааст. Он гирди ситораҳое давр мехӯрад, ки хурдтар ва сардтар аз Офтоб мебошанд.

Ҳарорати сатҳи болоии ин Сайёра хеле гарм аст, аз ин рӯ мавҷудияти ҷисми зинда ва нишони ҳаёт дар он амалан номумкин мебошад. 

Телескопи кайҳонии “Кеплер” барои ҷустуҷӯи ҷирмҳои осмонӣ рӯи кор омадааст. Аммо зарфи солҳое, ки сохта шудааст, таҳқиқоти зиёдеро анҷом додаву “дугоники” сайёраи моро дар фазои беканори кайҳонӣ пайдо накардааст

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?