Кашфи нақби зеризаминӣ дар марзи Қирғизистон бо Ӯзбакистон

Дар минтақаи марзии “Қирғизқишлоқ”-и ноҳияи Қадамҷойи вилояти Боткенти Қирғизистон як нақби зеризаминӣ ба самти вилояти Фарғонаи Ӯзбакистон кашф шудааст, ки мақомот мегӯянд эҳтимол дорад ин кори дасти террористон бошад. 

Дар ин бора бахши ӯзбакии радиои “Озодӣ” (Озодлик) хабар додааст. Ин расона бо такя ба манбаъҳои худ дар мақомоти марзбонии ду кишвар гуфтааст, ки нақб аз хонаи як сокини  Қирғизқишлоқ шуруъ мешуд ва аз хонаи як сокини рустои Барбалики ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғона берун меомад.

Жарфои ин нақб 7-8 метр буда, дарозии он 110 метр мебошад. Он хонаҳои ду сокини Қирғизистон ва Ӯзбакистонро ба ҳам мепайваст. 

Манбаъ мегӯяд, дар ҳокимияти вилояти Фарғона иддиои аз ҷониби гуруҳҳои экстремистӣ сохта шудани ин нақбро рад кардаанд ва хабар дар мавриди убури 3-5 террорист аз ин нақб ба Ӯзбакистонро такзиб намудаанд.

 Аммо дар ҳокимияти Фарғона гуфтаанд, ки ҳоло кормандони хадамоти амниятӣ ин ҳодисаро тафтиш ва ҳадафи кандани нақбро мушаххас мекунанд. 

Тибқи иттилои дигар, ошкор шудани нақб муҷиб шудааст, ки Ӯзбакистон ҳамаи гузаргоҳҳои марзии худро дар ин минтақа бо Қирғизистон бастааст. Вале Кумитаи давлатии марзбонии Ӯзбакистон бо тайиди ин хабар шарҳ додааст, ки ин тадбир ба хотири таҳкими амниятӣ дар ҷашни Наврӯз андешида шуда буд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, то ҳол далели қатъи такзибкунандаи ин хабар дастрас нашудааст. Баръакс, манбаъҳои хабарӣ аз мулоқоти намояндагони марзбонии ду кишвар дар масъалаи таҳқиқи нақби ошкоршуда хабар медиҳанд. 

Роҳбарони хадамоти марзбонии Ӯзбакистон гуфтаанд, ки эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки аз тариқи ин нақб на террористон, балки афрод китобҳои мамнуъи исломӣ ворид карда бошанд. Ё нақби мазкур барои қочоқ истифода мешудааст.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?