Кашфи қадимитарин гурҳои мусалмонӣ дар ҷануби Фаронса

Дар Фаронса нишонаҳое аз қабрҳои мусалмонони қарни вусто пайдо шудааст. Дар ин бора антропологҳои ин кишвар натиҷаи як пажуҳиши худро дар маҷаллаи PLoS ONE интишор додаанд. 

Ин қабрҳо дар шаҳри Ним, воқеъ дар ҷануби Фаронса кашф шудаанд. Донишмандон дар доираи ин таҳқиқот таҳлили генетикӣ гузаронидаанд, ҳамчунин ҷинси дафншудагонро низ муайян кардаанд. Дар ин қабрҳо ҷасадҳо бо шеваи мусалмонӣ дафн карда шудаанд ва яке аз нишонаҳо он аст, сари ҷасадҳо ба сӯи Макка аст.

Таҳлили генетикӣ аз сокинон ва авлодони африқоиҳои шимолӣ будани онҳо шаҳодат медиҳад. Ташхиси радиоуглеродӣ нишон додааст, ки ҷасадҳо миёни асрҳои  VII-IX гӯронида шудаанд. 

Ҳамчунин олимон ба ин натиҷа расидаанд, ки ҷасадҳо мансуб ба авлодони умавиҳост, ки дар Димишқ соли 661 ба қудрат расида буданд.

Ин кашфиётро метавон нишоне аз аввалин ҳузури арабҳо дар Аврупои Шарқӣ донист. 

Шаҳри Ним 36 километр дуртар аз соҳилҳои баҳри Миёназамин ҷойгир шудааст. Ҳоло дар ин шаҳр 130 ҳазор нафар ҳаёт ба сар мебаранд. Бино ба маълумоти таърихнигорон ин шаҳр соли 121 солшумории мо бунёд шудааст ва дар асри VIII муддате дар тасарруфи арабҳо будааст.  

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Беҳтар аст аз вожаи "мардумшинос" биҷой "антрополог" баҳра бигирем. Сипос.
Иброхим ба фикрам "мардумшиноси" ин "этнография" мебошад. "Антропологоя" бошад "одамшиноси" ё худ " симошиноси" аст. (Аз калимаи антропос - яъне одам)

Шояд шумо суол ё назаре доред?