Қарзи калони “Барқи тоҷик” аз “Ориёнбонк” ва Вазорати молия будааст

Қарздиҳандаҳои калонтарини Ширкати “Барқи тоҷик”, ки ба муфлисӣ расонида шудааст, “Ориёнбонк” ва Вазорати молияи Тоҷикистон мебошанд.

Ба ин иддао дар нишасти матбуотӣ 27-уми июл вазири  энергетика ва захираҳои оби Тоҷикитон Усмонлаӣ Усмонзода иқрор шуд.

Бино ба иттилои вазир, Ширкати саҳҳомии кушодаи “Барқи тоҷик”, ба муфлисӣ расида, аммо бинобарин ки корхонаи калон асту дар он ҳудуди 10 ҳазор нафар кор мекунад, муфлисшуда эътироф кардани он айни ҳол амри нозарур аст.

Дар ҳақиқат “Барқи тоҷик” аз бонкҳо қарзи калон дорад. Ин қарзҳо аз рӯйи қарордодҳо бо Вазорати молия рӯз ба рӯз афзудан доранд. Аммо дар бораи муфлис шудани он мо чизе намегӯем, зеро дар ин ширкат 10 ҳазор нафар кор мекунанд. Ва мо бояд ин ширкатро аз муфлисшавӣ наҷот диҳем, мехоҳем ё не, мо бояд ин корро кунем, -гуфт Усмонзода.

Бино ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои об, қарзи  “Барқи тоҷик” аз “Ориёнбонк” ба 1 млрд. 246,6 млн. сомонӣ ва аз Вазорати молияи Тоҷикистон 9,8 млрд. сомонӣ аст.  

Қарзи дебитории ин ширкат то 1-уми апрели соли ҷорӣ 1,4 млрд. сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ба 4,2% коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, қарзҳои ширкати мазкур дар ҳамин давра ба 12,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, дар қиёс ба соли гузашта 58,7% зиёд шудааст.

Усмонзода мегӯяд, агар бозори фурӯши барқ мебуд, ин ширкат муфлис намешуд.Аммо коршиносон ин иддиои вазирро рад карда, мегӯянд, ки маблағҳое, ки аз фурӯши барқ ҷамъ меояд барои кори системаи барқии кишвар басанда ва ҳатто зиёд аст, аммо фасоди сартосарӣ ва роҳбарии ноуҳдабаро ин ширкатро ба муфлисӣ оварда расонд.

Вазири энергетика ҳамчунин дар бораи тақсими ширкат ба се ширкати мустақил иттилоъ дод. Вай гуфт, дар оянда нақша ҳаст, ки “Барқи тоҷик” ба се ширкат тақсим карда шавад, ки ба истеҳсол, интиқол ва тақсимот машғул шуда, ҳар кадомӣ дар самти кори худ масъул хоҳад буд.

-Ин тасмим кори ширкатро шаффоф мекунад, -бовар дорад вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Қаблан Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар як ҳисоботаш гуфта буд, ки имкони муфлисшавии ширкати “Барқи тоҷик” зиёд аст.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин ширкат 1 млрд. 161 млн. 316 ҳаз. сомонӣ зарар дидааст.

Дар муқоиса бо соли гузашта, маблағи зарари ширкат ба 850,2 ҳазор сомонӣ, ё ба 373,2% афзоиш ёфтааст.

Дар ҳоле, ки фоидаи умумии ширкат дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 494 млн. 695 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли гузашта ба 25,6 млн. сомонӣ ё ба 5% камтар арзёбӣ мешавад.

Вазири энергетика ва саноат дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин дар бораи пардохти музди меҳнати кормандони “Барқи тоҷик”, ки то соли гузашта ҳудуди 7 моҳ маош нагирифта буданд, иттилоъ дод.

Вай гуфт, тӯли соли 2015 ва 2016 қарзи музди меҳнатро ба кормандон пурра пардохт кардаанд. Дар ҳамин ҳол, вазир дар бораи таҷҳизоту дастгоҳҳои нолозим ва гаронбаҳо, ки бо ҳудуди 2 млрд. сомонӣ харидорӣ шуда, дар анборҳои "Барқи тоҷик" нигоҳ дошта мешаванд, чизе нагуфт. 

Назарҳо

Қарзи калони “Барқи тоҷик” аз “Ориёнбонк” ва Вазорати молия будааст? Харсеш ай як Обама, яъне барки точик карздор нест, наход одами аз худаш хам карздор мешудаст?
Ика барка фурухтестен суми вай кучо мерава Мухтарам Вазир? Маълум аст ки киссаи чаппара пур карден ва Ориёнбонк яъне акаи Хасан хами барки точикам шахси карданияй
Замзамаҳое ҳаст, "Барқи тоҷик" тағйири сохторӣ мекунад, яъне хусусӣ мешавад ва танҳо бахши "интиқол" (транспорт)-аш дар ихтиёри давлат мемонад ва "истеҳсол"-у "тақсимоташ" хусусӣ мешавад. Агар ин гапҳо рост бошад, маълум аст, ки имтиёзи аввалро Ориёнбонк дар даст хоҳад дошт.

Шояд шумо суол ё назаре доред?