Қарзи аҳолӣ дар бонкҳо аз 11 млрд. убур кард

Қарзи аҳолии кишвар аз бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ марзи 11 миллиард сомониро убур кардааст.

Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар интиҳои моҳи  марти соли равон бақияи пасандозҳо дар кишвар ба  11 миллиарду 10,1 миллион сомонӣ баробар шуд.

Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0%  зиёд мебошад.

Тибқи ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон, аз ин маблағ 4 милларуда 742,5 млн. сомонӣ ё 43,1 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 6 милларду 267,6 млн. сомонӣ ё 56,9 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. 

Дар нимсолаи аввали соли равон фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 24,65 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 20,44 фоизи солона баробар шудааст.

Copyright @2016 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?