Кам шудани ҳукмҳои сафед дар Тоҷикистон

Судяҳои тоҷик дар соли гузашта 14 ҳукми сафед баровардаанд, нисбат ба як соли пеш 7 адад камтар аст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, аз 14 ҳукми сафед дар 12 ададаш гумонбаршандаҳо пурра ва дар 2 ҳукми боқимонда қисман сафед шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2014 аз тарафи судяҳои тоҷик 21 ҳукми сафед баромада буд. Аз ин 19 ҳукм дар 16 маврид гумонбаршванда пурра ва дар 5 ҳолати дигар қисман сафед шуда буданд.

Раиси Суди олӣ ҳамчунин гуфт, соли гузашта шикояти шаҳрвандон ба ин ниҳод зиёд шудааст.  Соли 2015 ба Суди олӣ 2655 арзу шикоят ворид шудааст ки нисбат ба як соли пеш 305 адад ё 13 фоиз зиёд аст.

Copyright @2016 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?