Қадрдонии Расул Боқиев дар Русия

Расул Боқиев, гӯштингири маъруфи тоҷик барои омода кардани варзишгарон бо сипосномаи Федератсияи дзюдои Маскав мукофотонида шуд.

Федератсияи дзюдои Маскав беҳтарин варзишгарони ин шаҳр ва ҷойизадорони мусобиқоти умумирусиягӣ ва байналмилалии и соли 2016-ро қадрдонӣ кард, ки миёни онҳо Расул Боқиев ҳам мукофотонида шуд.

Маросими ҷойизасупорӣ, дар Думаи шаҳрии Маскав, 21-уми сентябр баргузор шуд.

Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин соли 2008 дар мусобиқа оид ба дзюдо дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик аввалин медали олимпии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳисоб меёфт.

Шояд шумо суол ё назаре доред?