“Истиқлол”-и Душанбе бори шашум барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон шуд

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бори шашум соҳиби Ҷоми олии Тоҷикистон оид ба футбол гардид.

Сабқат барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол 3-юми апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Дар рақобат “Истиқлол”-и Душанбе дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст дода, Ҷоми Тоҷикистон оид ба футболро барои шашум  маротиба бо худ бурд.

Бозии мазкурро бо доварии Насрулло Кабиров, довари ФИФА аз шаҳри Норак баргузор гардид.

Бо  соҳиб шудан ба Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол дастаи  “Истиқлол” ба ҳайси қаҳрамони Тоҷикистон барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 роҳ ёфт.

Ҷоми олии Тоҷикистон аз соли 2010 то инҷониб бори ҳафтум бор гузаронида мешавад. Дастаи “Истиқлол” шаш маротиба (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016) Суперҷоми Тоҷикистонро соҳибӣ кардааст. Соли 2013 ин Ҷомро дастаи “Равшан”-и Кӯлоб соҳибӣ карда буд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?