“Истиқлол” бо дастаи “Триполи” рақобат мекунад

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бо тими “Триполи”-и Лубнон шоми имрӯз 10-уми май сабқат мекунанд.

Бозии мазкур соати 19:00 ба вақти Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.  Ин бозӣ дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) баргузор мегардад.

Қаблан моҳи марти соли равон дастаи “Истиқлол” аз тими “Триполи”-и Лубнон бо ҳисоби 2:1 шикаст хурда буд.

“Истиқлол” дар мусобиқоти“Ҷоми КФО-2016” дар гуруҳи “В” бо тимҳои "Нафит ал-Васат"-и Ироқ, "Ал-Файсал"-и Урдун ва "Триполи"-и Лубнон бозӣ кард.  Ҳоло “Нафт ал-Васат” бо 9 имтиёз ва "Ал-Файсал" 8 имтиёз садрниши ҷадвали гуруҳашон буда, "Триполи" 4 имтиёз дорад. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охир қарор гирифтааст.

Бо шикаст хӯрдан аз тимҳои “Нафит ал-Васат” ва “Ал-Файсал” дастаи “Истиқлол” шонси берун шудан аз бозиҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2016-ро аз даст дод. Сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои баъдии гуруҳӣ “Истиқлол” ба аз гуруҳаш берун нахоҳад шуд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?