“Истиқлол” аз Урдун бо дасти холӣ меояд

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар панҷумин марҳилаи гуруҳии “Ҷоми КФО-2016” аз дастаи “Ал-Файсал”-и Урдун шикаст хӯрда, шонси берун шудан аз гуруҳашро пурра аз даст дод.

Сабқати “Истиқлол” бо дастаи “Ал-Файсал” шоми 26-уми апрел дар шаҳри Уммони Урдун баргузор шуда, бо ҳисоби 2:4 ба фоидаи мизбонон ба анҷом расид.

Ду голи дастаи “Истиқлол”-ро Александр Кабалаш ва Парвизҷон Умарбоев ва 4 голи дастаи “Ал-Файсал”-ро Халил Баниятеҳ, Муҳаммад Ал-Рифаӣ ва Ясин Бакит заданд. 

Қаблан сабқат миёни “Истиқлол” ва “Ал-Файсал” дар шаҳри Душанбе мусовӣ анҷом ёфта буд.

“Истиқлол” дар мусобиқоти“Ҷоми КФО-2016” дар гуруҳи “В” бо тимҳои "Нафит ал-Васат"-и Ироқ, "Ал-Файсал"-и Урдун ва "Триполи"-и Лубнон бозӣ кард.  Ҳоло “Нафт ал-Васат” бо 9 имтиёз ва "Ал-Файсал" 8 имтиёз садрниши ҷадвали гуруҳашон буда, "Триполи" 4 имтиёз дорад. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охир қарор гирифтааст.

Бо шикаст хӯрдан аз тимҳои “Нафит ал-Васат” ва “Ал-Файсал” дастаи “Истиқлол” шонси берун шудан аз бозиҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2016-ро аз даст дод. Сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои баъдии гуруҳӣ “Истиқлол” ба аз гуруҳаш берун нахоҳад шуд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?