Истеҳсоли маҳсулот барои кӯдакон дар "Комбинати шири Душанбе"

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҶСК «Комбинати шири Душанбе» чанд коргоҳи истеҳсолиро боз кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 4-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон дар “Комбинати шири Душанбе” корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон, коргоҳи истеҳсоли панирҳои ҳолландӣ, панирҳои гудохташуда, панирҳои мулоим, панирҳои бофташуда ва равғанҳои маскаи гуногуннавъ, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои пластикии якбормасрафро ба истифода додааст.

Дар хабар омадааст, ки дар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон 32 намуд маҳсулоти ширии кӯдакона, аз ҷумла йогуртҳои мевагии гуногун, батончаҳои творогӣ бо шоколад ва йодноккардашуда, сирок, шир бо шоколад, бо асал ва дигар мураббоҳо истеҳсол мешавад.

Иқтидори ин коргоҳ дар як баст истеҳсоли 5 тонна маҳсулот мебошад ва дар назди коргоҳ озмоишгоҳи замонавӣ низ фаъолият мекунад. Дар он дастгоҳ барои фавран муайян намудани касалиҳои сирояткунандаи таркиби маҳсулоти ширӣ мавҷуд аст.

Коргоҳ 21 намуд панир истеҳсол мекунад, ки иқтидори он бо коркарди шир дар як баст 10 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки роҳбар ва молики асосии ҶСК «Комбинати шири Душанбе»-ро соҳибкори шинохта Наврӯз Комилов мебошад, аммо коршиносон муовини Сарварзири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардоновро низ аз манфиатбардорони ин корхона медонанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?