Истеъфои вакили парлумон Пулод Муҳиддиниён

Пӯлод Муҳиддиниён, вакили Маҷлиси намояндагон курсии вакилиашро канор гузошт.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Пӯлод Муҳиддиён Директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президент таъин гардид.

Ӯ дар ин вазифа Исроил Бобоевро иваз кард, ки бо сабаби вафоташ ваколаташ қатъ гардида буд.

Пӯлод Муҳиддиниён 18-уми майи соли 1959 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст.

Соли 1982 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Москваро бо ихтисоси муҳандиси таъминоти барқу гармӣ ва газ хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба ҳайси ассистенти кафедраи «гармитаъминкунӣ ва вентилятсия» — и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 1983 — 1992 ба корҳои илмӣ ва омӯзгорӣ машғул буда, минбаъд дар вазифаҳои гуногуни масъул ва роҳбарӣ дар маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2003 — 2006 муовин, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, мудири Шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2006 — 2013 муовини якуми вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ буд.

Аз моҳи ноябри соли 2013 дар вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Барои фаъолияти меҳнатиаш бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

Пулод Муҳиддиниён 1-уми марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?