Ислом Каримов таҳдид кард, ки назорати об Осиёи Марказиро вориди ҷанг мекунад

Президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов таҳдид кард, ки агар Қирғизистон бо ёрии Русия ба сохтмони неругоҳи обию барқии азим идома диҳад, дар Осиёи Марказӣ метавонад ҷанг оғоз шавад.

Ислом Каримов аз он нигаронӣ дорад, ки бар асари бунёди неругоҳҳо кишварҳои поёноб беоб монда, баҳри Арал бештар аз пештар хушк мешавад. 

Суханони Ислом Каримовро дафтари матбуоташ дар сомонаи расмии президенти ин кишвар нашр кардааст. Гуфта мешавад, ки тарҳҳои энержӣ бояд бо ҳамоҳангӣ бо кишварҳои Қирғирзистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, ки дарёҳо аз ин қаламрав убур мекунанд, амалӣ гарданд. 

Сарвари давлати Ӯзбакистон мегӯяд, мушкилоти обу энержӣ ба ҳадде ҷиддист, ки дар оянда метавонад на танҳо сабабгори зиддиятҳои бештар гардад, балки ба ҷангҳо миёни кишварҳо оварда расонад.

Дар матлаб гуфта мешавад, ки Ислом Каримов борҳо аз СММ хоста буд ба вазъ дахолат кунад ва “қабл аз он ки бо ин ё он давлатҳои бузург муоҳадаи бунёди неругоҳ имзо мешавад, бояд як ташхиси фарогири байналмилалиро роҳандозӣ намояд”. Ба гуфтаи коршиносон, ишора Ислом Каримов дар ин маврид ба Қирғизистон аст, ки бо кӯмаки Русия мехоҳад неругоҳи Қамбар-отаро бунёд кунад. Ва мурод аз ба кор рафтани истилоҳи “давлатҳои қудратманд” ин Русия аст.

Аз миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон ягона кишварест, ки ошкоро зидди бунёди неругоҳи Қамбар-ота дар Қирғизистон ва Роғун дар Тоҷикистон садо баланд мекунад. Ин кишвар баҳона пеш меоард, ки давлатҳои болооб баъди сохта шудани неругоҳҳо оби дарёҳро чун фишор болои кишварҳои поёноб барои ҳалли ин ё он масъалаи муҳим истифода хоҳанд кард. 

Ӯзбакистон ин гуна таблиғотеро роҳандозӣ кардааст, ки бунёди обанборҳои бузург барои неругоҳҳои азим муҷиби камбуди об ва коҳиши ҳосили меваву сабзавот мегардад.

Русия ва Қирғизистон ҳанӯз соли 2009 муоҳадаеро дар мавриди бунёди неругоҳи Қамбар-ота ва Нарини боло имзо крада буданд. Вале ба сабабҳои гуногун сохмтони он шуруъ нашуд. Соли 2012 ҳукумати Қирғизистон қарор кард, ки неругоҳи Қамбар-ота сохта шавад. Қарор аст он  бо сарфи маблағи камтар аз 2 миллиард доллар бунёд шавад. 

Copyright @2015 TojNews    

Назарҳо

Узбакхо девона шудед, ми Рогунро мо хатман месозем. ту бехуда сафсата магу, ки о о о ... Шумо узбакоя аз боло обро дамба дохта , дамбаро бо сузан шикоф карда, хамаатонро хуроки мохихо мекунем. Акнун фахмидед. Ислом карим ту беодоб будаи......
.роххову сархадро басти.визаро чори карди.газро намедихи баркро намехари.самолёту поездро мань карди.алюмин заводро банд.рогунро насоз...хатто яхуд нисбати фаластин чунин муносибат надорад..расмро бинед "нур" борида истодааст...
Ин муйсафед пир шуду худро точик нагирифт кораш танхо бадбиниву бахили .... Мо бояд ба ин сапсатахо гуш накунему Чаноби оли ба пеш Рогунро созем .... Ягон майда натарсед мо бо шумоем ..ин муйсафед итак кораша кард да ин 24 сол..
Узбак об мефора газа сарте ага не Каримуф капут
Ин президенти Узбак хато кардааст! Мо Рогунро месозем. Он чие ки Чаноби Олй нисбати сохтмони ин НБО огоз кард иншоолох ба итмом мерасонад. Номаъкула Каримов сад бор кардааст! ЗИНДА БОД ТОЧИКИСТОН! БА ПЕШБАРОИ РОГУН!!!

Шояд шумо суол ё назаре доред?