Ислом Каримов, худкомае, ки миллати 30 миллионаеро дар қабзаи оҳанин нигоҳ медорад

Худкомае, ки миллати 30 миллионаеро дар қабзаи оҳанин нигоҳ медорад, аммо маҷбур аст, духтару набераашро ҳабси хонагӣ кунад....

Сарнавишти махфӣ

 Зиндагиномаи Ислом Каримов саршор аз маълумоти зидду нақиз аст. Тибқи асноди расмӣ вай 30-уми январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Дар бораи падари ӯ манбаъҳои расмӣ иттилоъи дақиқ намедиҳанд. Гузоришгари бахши қазоқии радиои “Озодӣ” Брюс Панниер дар матлабе менависад, ки соли 1995 як маълумотномаи муфассал дар бораи президенти Узбакистон дар сомонаҳои ҳукуматӣ интишор ёфта буд, вале баъдан он ногаҳонӣ ва бидуни шарҳ аз шабакаҳо ҳазф гардид. Муаллифони ин муаррифинома менавиштанд, ки Ислом Каримов дар оилаи марди фақир ва серфарзанди самарқандӣ ба дунё омадааст ва шашумин фарзанд аз миёни ҳафт нафар буд. Падараш хизматчии оддии давлатӣ ва модараш кадбону буд. Муаллифи матлаб солҳои 1992-1993 дар Узбакистон кор  кардааст ва мешунидааст, ки Каримов дастпарвари хонаи кӯдакон буд. Абдулғанӣ, ки падари Ислом Каримов дониста мешавад, бино ба навиштаи ин муаллиф, ҳанӯз ду сол пеш аз таваллуди Ислом зиндонӣ шуда буд. Падари биоложии ӯ тибқи маълумотҳои гуногун ё тоҷик аст ва ё яҳудӣ.

Вақте Абдулғанӣ аз ҳабс озод шуд, Исломи сесоларо ба хонаи кӯдакон доданд. Фурсате баъд ҷанг сар шуд ва ятимон афзуданд, сағирхонаҳо дигар наметавонистанд бачаҳои зиёдро ғунҷонанд. Ин буд, ки Исломро дубора ба хона оварданд. Ин чанд санадест, ки соле қабл Брюс Панниер интишор дода буд ва чуноне ишора кардем, инҳо расман тайид нашудаанд. Ҳамчунин ҳадс зада мешуд, ки ӯ дар як интернати Панҷакенти Тоҷикистон чанд сол таҳсил кардааст.

Тибқи маълумоти тарҷумаиҳолӣ Ислом Каримов соҳиби ду дипломи олӣ ва ихтисосҳои механик-муҳандис ва иқтисодчӣ аст. Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Осиёи Марказӣ ва Донишкадаи хоҷагии халқи Тошканд мебошад. Номзади илмҳои иқтисодист.

Фаъолияти кории ӯ сол 1960 аз корхонаи “Ташселмаш” оғоз шудааст ва соле баъд тағйири ҷойи кор кардааст. Солҳои 1983-1986 вазири молия, Раиси Госплан ва ҳамзамон Ҷонишини Райиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Сотсиалистии Узбакистон буд.

Солҳои 1986-1989 Котиби аввали ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё (амалан ҳокими вилоят) ва солҳои 1989-1991 Котиби аввали Ҳизби коммунисти Узбакистон таъин шуд. Солҳои 1990-1991 узви Кумитаи Марказии ҲК ва узви Бюрои сиёсии он буд. 

Сиёсатшиноси рус Аджар Куртов дар суҳбате бо “Взгляд” гуфта буд, ки Кремл замоне Каримовро ба ҷойи Рашидов ва пайравонаш пазируфт, ки донист вай аз кадом як гуруҳи муташаккил ва сармоядореву обрӯманде намояндагӣ намекунад. Ин барои Маскав хеле муҳим буд. Зеро баъди қазияи “Парвандаи ӯзбакӣ”-и  Гдлян Ӯзбакистон дар вазъи ногувор ва муборизаҳои дохилии қабилавӣ қарор гирифта буд. Вале Каримов, ки зодаи Самарқанд буд, ҳатто аз ягон гуруҳи калони мафёзии он намояндагӣ намекард. Мисли хеле аз номенклтураи ҳизбии шуравӣ зани рус дошт. Бозсозии горбачёвӣ ва суқути СССР сабаб шуду Каримови самарқандӣ роҳбари бебадал боқӣ монд. Расман милияташро ӯзбак мегӯянд. Барои мухолифони ӯзбакаш, ки берун аз кишвар панаҳ бурдаанд, ӯ тоҷик аст. Барои нухбагони ҳукмрони Ӯзбакистон роҳбари маҳалпарасти  клани самарқандиҳо, ки бо тошкандиҳову фарғоначиву андиҷониҳо муросо намекунад.

Ҳокимияти мутлақи “самарқандӣ”

 Аввалин маротиба 24 –уми марти соли 1990 Шӯрои Олии Узбакистон бо аксарияти овози вакилон ӯро президенти Узбакистон эълон кард. Ба маънии дигар, дар миёни кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ Узбакистон аввалин кишварест, ки ба низоми идории президентӣ гузашт. Мегӯянд он замон Михаил Горбачёв хеле зиёд талош кард, то Каримовро аз ин райъаш гардонад, вале ӯ бо якравии хос қарори Шӯрои олиро пазируфт.  Инак, 25 сол аст, ки президенти ин кишвар аст.

Соли 1991 дар Узбакистон интихоботи президентӣ баргузор шуд ва Ислом Каримов бо дарёфти 86 дарсади овозҳо президенти Узбакистон интихоб гардид. Рақибаш роҳбари Ҳизби демократии “Эрк” Муҳаммад Солеҳ ҳамагӣ 12,3 дарсади овозҳоро ба даст овард. 

26-уми марти соли 1995 ваколатҳои президентии Ислом Каримов то соли 2000 тамдид шуданд.  Мухолифин ӯро дар ғасби ҳокимият мутаҳҳам хонданд. 9-уми декабри соли 2000 дар интихоботе, ки номзадҳои дигар низ дар он ширкат карданд, муҷаддадан президент интихоб шуд. “Интихобот” -ро ба ҷуз аз кишварҳои пасошуравӣ касе эътироф накард.

Соли 2002 як ҳамапурсӣ ба қонуни интихобот тағйирот ворид кард ва муҳлати даври раёсати ҷумҳуриро аз 5 ба 7 сол дароз намуд. Бо ин Ислом Каримов имкон пайдо кард, ки бори дигар номзадии худро пешбарӣ кунад ва чун анъанаи шарқии “интихоботи демократӣ” аз миёни шаш номзад бо дарёфти 90,76 дарсади овозҳо президент интихоб шуд. Номзадҳои дигарро худаш таъин карда буд.

Охирин интихобот рӯзи 29-уми марти соли 2015 баргузор шуд ва ин бор низ бо касби 90,39 дарсади “орои мардум”  президент интихоб гардид. Ӯзбакистони аҳди ӯро  “давлати пулисӣ” меноманд. Хадамоти амниятии ӯ ба ҳич ӯзбак имкон намедиҳад, ки аз ҳуқуқу озодие ҳарф занад. Ин гуна мардумон фавран ҳабс ё террор мешаванд. Дар бораи терорҳои аҳди Каримов собиқ сафири Инглистон дар Тошканд Крейг Мюррей (солҳои 2002-2004) дар китоби “Куштор дар Самарқанд” маълумоти ҷолиб дода, ҳукумати кишварашро дар пиёдасозии сиёсати ИМА дар Ӯзбакистон ва чашмпӯшӣ ба ҷиноёти режим гунаҳкор мекунад. Мюррей ҳамчунин аз дӯстии Каримов бо қотили фаластиниён Ариэл Шарон, ки зодаи Тошканд будааст, иттилоъ дода, даст доштани ӯро дар наҷоти Эдуард Шеварнадзе баъди як табаддулот дар Гурҷистон тавассути исроилиҳо ҳикоя мекунад.

Ду издивоҷу ду «доғи падар»

Ислом Каримов ду маротиба издивоҷ кардааст, вале дар маълумоти расмӣ ва ҳатто викепедии ӯ аз издивоҷи аввалаш ҳарф зада намешавад. Манбаъҳои ғайрирасмӣ, вале наздик ба сарвари Узбакистон мегӯянд, ки аввалин завҷаи ӯ Наталя Петровна Кучма буд, ки соли 1964 бо ҳам ақди никоҳ баста буданд. Вале ин издивоҷ тӯлонӣ наёмад ва ба кадом сабабе, ки ҳатто пажуҳишгарони Каримов аз баёни он худдорӣ кардаанд, аз ҳам ҷудо шудаанд. Аз ҳамсарӣ бо хонум Кучма Ислом Каримов соҳиби писаре бо номи Пётр будааст, ки тибқи маълумотҳо ҳоло дар Маскав зиндагонӣ мекунад. 

 Ислом Каримов соли 1967 бо корманди илмии Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти АИ Узбакистон Татяна Акбаровна ҳамхона мешавад, ки то ба ин дам бо ҳам зиндагонӣ доранд. Аз никоҳи муштарак соҳиби ду духтар, бо номҳои Гулнора ва Лола мебошанд, ки ҳарду низ зарфи ин чанд соли охир бо интригаҳои дарбориву берунидарборӣ дар сархати муҳимтарин ахбори расонаҳои маъруфи олам қарор гирифтанд. Гулнора ду бор шавҳар карда, зиндагии пурмоҷарое дорад. Боре ҳатто модару хоҳарашро ба ҷодугарӣ гунаҳкор кард. Лола дар Аврупо зиндагӣ дошта, амалан барои мерос гирифтани курсии падар омодагӣ мегирад. Баъди қазияи фасоди 750 миллиондолларӣ бо ширкати “Теле Сонерия” ва эҳтимоли ҳабси духтари калонияш дар ИМА Гулнора ва набераи 12 солааш беш аз ду сол боз дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Сарвати беинтиҳо, сиёсатҳои калаванда

Ислом Каримов аз Иттиҳоди Шӯравӣ Узбакистони сарватманд ва дорои захираҳои бойи энержӣ, аз ҷумла конҳои тиллову уран ва чашмаҳои бешумори газиро ба мерос гирифт. Ҳамин сарвати нимахуфтаву нимакорхӯрда ва мавқеъи ҷойгиршавии он Узбакистонро ба саҳнаи талошҳои геополитикии абарқудратҳо табдил дод. Бо истифода аз ҳамин бартарият президент Каримов тӯли ин 25 сол гоҳ ба чапу гоҳ ба рост гӯйи сиёсат меронад ва гоҳе бо тамоил бо Русия ғарбиёнро аз худ дилшикаста мекунад ва гоҳи дигар бо тарки Маскав рӯ ба Ғарб меорад. Гази ӯзбак дар ҳаҷми 12 -16 млрд. метри мукааб  ӯро барои Маскаву мавқеъи ҷӯғрофияш барои Пекин хеле муҳим кардааст.

 Вале тӯли ин беш аз ду даҳсола ҳамеша рӯ ба рӯ ба интиқоди созмонҳои байналмилалие мебошад, ки Тошкандро ба нақзи ҳуқуқи башар, шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ, маҳдудияти озодиҳои демократӣ муттаҳам мекунанд.

  Ҳама гуна мухолифатҳои дохилӣ бераҳмона пахш карда мешаванд, дар зиндон муттаҳамин ба мухолифатҳои сиёсиро сахт шиканҷа мекунанд, нохунҳояшонро мекашанд, аз сарашон оби ҷӯш мерезанд ва мавриди таҷовуз қарор медиҳанд.  Матбуоти мустақил ва ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар дохили кишвар вуҷуд надоранд. Соле қабл таҳлилгар Эрих Фоллат навишта буд, ки бо вуҷуди он ки Ислом Каримов барои нақзи ҳуқуқи башар мавриди интиқодоти шадид қарор мегирад, вале роҳбарони ғарбӣ ин ҳамаро нодида мегиранд. Ӯро дар Брюсел бо ҳама шаҳомати қабули як меҳмони олиқадр сарвари Иттиҳодияи Аврупо ба ҳузур мепазирад, НАТО дар Тошканд дафтари намояндагии худро боз мекунад. Ба маънии дигар Ғарб дар иртибот ба Ислом Кармов аз меъёрҳои дугона кор мегирад: гоҳе интиқод мекунад ва гоҳи дигар муштоқи дидору ҷамоли ӯст. Баъди берун шудани амрикоиён аз Афғонистон ӯ аз шарикони муҳими ИМА гаштааст.   

 

Мубориза зидди исломиён

 

 Замони талошҳои исломӣ ва оғози фаъолияти аҳзоби динӣ Ислом Каримов аввалин роҳбарони минтақа буд, ки дар водии Фарғона бо исломгароён ба муборизаи шадид пардохт. Дар оғоз вай аз иқдомоти Тоҳир Юлдошев (баъдан роҳбари Ҷунбиши исломии Узбакистон), ки бо гуруҳаш роҳбарони дур аз ғами мардумро фош мекард, ҳимоя менамуд, мехост аз неруи исломгароён барои назму субот дар кишвараш истифода барад. Дар Намангон вай бо издиҳоме, ки пайравони Тоҳир Юлдошев ҷамъ оварда буданд, мулоқот кард, вале амалан худро таҳқиршуда дид. Шояд пай бурд, ки майли мардум ба ислом метавонад дар наздиктарин фурсат ӯро беобрӯ созад. Ин буд, ки бо истифода аз хадамоти махсус исломгароёни Тоҳир Юлдошевро саркӯб ва онҳоро маҷбур ба фирор аз кишвар кард. Ҳатто баъди рафтани онҳо низ аз мубориза бо чеҳраҳои саршиноси исломии мамлакаташ даст накашид. Дар як муддати кутоҳ садҳо нафарро бо ҷурмҳои сохта боздошт ва ба зиндон афканд. Чеҳраҳои саршиносе чун қорӣ Абдувалӣ Мирзоев (соли 1995) аз Узбакистон  ғайб заданд ва то кунун аз сарнавишти онҳо иттилое дар даст нест.

 Фазои тарсу ҳарос дигарандешони на танҳо исломӣ, балки дунявӣ, аз ҷумла роҳбари демократҳо Муҳаммад Солеҳро ҳам водор кард, ки пой аз кишвар берун гузоранд. Ҳатто Ректори Донишкадаи исломии Тошканд ва аввалин муфтии Узбакистони соҳибистиқлол шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф муваққатан рӯ ба фирор овард, дар ҳоле, ки вай ба ягон ҷараёни сиёсии ислом ҳамроҳ набуд. Ҳаводиси моҳи майи соли 2005 дар Андиҷон нишон дод, ки Ислом Каримов аслан таҳаммули эътирозҳои мардумиро надорад.

 

Куштори Андиҷон

 Садҳо нафар дар бархӯрд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ куштаву захмӣ шуданд, ва ҳазорон нафари дигар зарфи чанд соли оянда ба ҷурми ба зиндон афканда шуданд. Эътирози Ғарб муҷиби хашми Ислом Каримов шуд. Вай ҳамаи созмонҳои ғарбиро аз кишвараш берун ронд, муоҳадаҳои амниятӣ ва ҳамкориҳои низомӣ бо Амрикоро лағв кард. Вале боз ҳам ин Ғарб буд, ки дар аввал таҳрим эълон кард ва баъд таҳримҳои худро лағв намуд ва талош кард дубора ба дили президент Каримов роҳ ёбад.  Каримов нишон дод, ки сиёсатмадори прагматик аст ва Кремлину Кохи сафед ҳам маҷбуранд бо ӯ муросо кунанд.

Каримов: Ба Русия расонед, ки...

Ислом Каримов аз ибтидои эълони истиқлолият дар Узбакистон ҳисси нафрат ба Кремлин дошт ва метавон гуфт, ки аз он нафрат то ҳол заррае кам нагардидааст. Соли 2000  дар суҳбате бо хабарнигори нашрияи маъруфи “КоммерсантЪ” гуфта буд: «Хоҳиш мекунам ба Русия расонед, ки моро ҳимоя кардан лозим нест.  Ӯзбекҳо имрӯз қодиранд ҷавобан ба зарба зарба зананд. Мо аллакай соҳиби артиши нерӯманд дар Осиёи Марказӣ ҳастем...”

 Каме баъдтар боз ҳам шуҷоатмандона эълон кард: “Ӯзбакистон ба ягон паймони ҳарбиву сиёсӣ ҳамроҳ намешавад, роҳ намедиҳад, ки дар қаламраваш ягон пойгоҳи низомии кишвари хориҷа сохта шавад ва иҷоза нест, ки сарбозонаш дар кишварҳои дигар ҳузур дошта бошанд”.

 Моҳи майи соли 2005, вақте Ғарб дар иртибот ба ҳодисаҳои Андиҷон аз сиёсати мардумситезии Ислом Каримов интиқод кард, Путин худро дар паҳлуи диктатори Узбакистон зад. Ин пуштибонӣ муддате равобити Маскав ва Тошкандро нарм кард, вале бо гузашти як фурсати кутоҳ, вақте оташи ноамнӣ хомӯш шуд, Ислом Каримов бори дигар ба Кремл пушт гардонд ва тадриҷан ба Ғарб рӯ овард. Соли 2012 намоишкорона аз охирин паймон-СПАД  хориҷ шуд ва ҳоло дар ягон ҳамоиши он ширкат намекунад. Аз сӯе ин ҳамаро барои беҳбуди равобиташ бо Ғарб кард, вале аз сӯйи дигар дарк намуд, ки аз вуҷуди паймоне чун СПАД нафъе ба ин кишвар нест.

“Дасти Тошканд” дар Тоҷикистон

Каримов аз роҳбарони шуравии Ӯзбакистон зери назорат доштани Тоҷикистонро ба мерос гирифт. Кланҳои Шимол бе ӯ коре намекарданд. Аммо воқеъият ин аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол  аз ҳар кишвари дигар аз ҳамсояе чун Узбакистони аҳди Каримов бештар зарар дидааст. Каримов ҳоло ҳам даъво мекунад, ки дар саркуб кардани исломгароён дар Тоҷикистон даст дораду дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар хизмат кардааст. Маҳз ӯ аз заъифии роҳбари вақти Тоҷикистон Акбаршо Искандаров истифода бурда, Елтсинро мутақоид кард, ки дивизияи 201 ро ба тоҷикон надиҳанд.  Каримов  бо пуштибонӣ аз “Фронти халқӣ” дар ҷанги дохилии Тоҷикистон ошкоро бо тонку тупҳояш ва сарбозонаш ширкат дошт ва инро пинҳон намедорад.  Аммо дар интихоботи президентии соли 1994 Тошканд дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон аз номзадии сарвазири собиқи ӯ Абдумалик Абдуллоҷонов ҳимоят кард. Душанбе ҳамин тавр, Узбакистонро ба ҳимоят аз се ошӯби мусаллаҳонаи полковник Маҳмуд Худойбердиев дар солҳои 1996, 1997 ва 1998 ва додани паноҳгоҳ ба ин полковники саркаш ва тарафдорони ӯ дар пайи нокомии ин ошӯбҳо айбдор мекунад. Аъзои ҳайъати мухолифин дар музокироти сулҳи Тоҷикистон дар хотироти худ менависанд, ки Каримов хеле мехост, то тарафдорони Абдуллоҷонов низ ба ҳайси нирӯи сеюм ба ин музокирот ҷалб шаванд. Аммо Русия ин иддаоро напазируфт ва созиши сулҳи тоҷикон моҳи июни соли 1997 танҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ба имзо расид. Ҳамин тавр Ӯзбакистон ягона кишвари минтақа  боқӣ монд, ки Созишномаи сулҳи тоҷикон дар он музокира нашуд.  Баъди канор зада шудани Тошканд аз раванди музокироти сулҳ, саркӯби ин се исёни Худойбердиев, аз мақомҳои баланд барканор шудани афроде, чун раиси собиқи вилояти Ленинобод Абдуҷалил Ҳомидов, ки “дасти Тошканд” номида мешуд,  фишангҳои таъсири мустақими Каримов ва ҳукумати ӯ ба равандҳои сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон то ҷое коҳиш ёфт, вале таъсираш аз берун ба таҳаввулоти Тоҷикистон то имрӯз  ҷиддӣ  ба назар мерасанд. Ӯзбакистон дар соли 2000 ба ин далел ки гӯё ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон аз қаламрави Тоҷикистон ба хокаш ҳамла мекунанд, марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ карда,  низоми раводид ҷорӣ сохт.  Ҳукумати Каримов ҳамин тавр, дар соли 2009 аз шабакаи умумии нирӯи барқи Осиёи Марказӣ берун шуд, ки боиси шадидтар шудани лимити барқ дар Тоҷикистон гардид. Бар илова, Тошканд содироти газро ҳам ба Тоҷикистон қатъ карда, соли 2012 роҳи Тирмиз – Амӯзанг – танҳои масири роҳи оҳан ба вилояти Хатлонро барчид ва мухолифи шадиди азми Душанбе барои оғози сохтмони нирӯгоҳи Роғун аст.  

 Баъди ду сол диктатор Каримов 80 сола мешавад. Мушкили асосии ӯ ҳамоно духтаронашу интиқоли қудрат аст.

Фирӯзи Муҳаммад

бознашр аз “Нигоҳ” №44 (477). Чоршанбе, 3-юми феврали соли 2016

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?