Исфараву Истаравшан нақшаи андозро дар семоҳаи аввал иҷро накардаанд

Ҷаласаи ҳукумати вилояти Суғд

Шаҳрҳои Исфара ва Истаравшани вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли равон нақшаи андозро дар назди буҷет иҷро карда натавонистаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилоят, дар як ҷаласа Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоиро дар семоҳаи аввал баррасӣ кардаанд.

Ба ҳисоби мақомоти вилоят, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 103,4 дарсад иҷро шудааст ва ба буҷет 300 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки 31,2 миллион сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Аммо дар ҳукумати вилоят мегӯянд, ки “шаҳрҳои Исфараю Истаравшан нақшаи ҷамъоварии андозро таъмин карда натавонистаанд”. Дар шаҳри Исфара нақшаи андозро 93 дарсад ва дар шаҳри Истаравшан нақшаи андоз 85 дарсад иҷро шудаааст.

 Ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят дар семоҳа ба 1,3 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 138,2 фоизро ташкил додааст. 

Copyright © 2016 TojNews

Назарҳо

Дар Истаравшан то раиси шахр иваз нашавад накша ичро намешавад чунки ин одам аз ухдаи кор намебарояд точ.нюс чоп кун агар озод боши

Шояд шумо суол ё назаре доред?