Интиқоли зиёда аз 1 миллиард кВт. нерӯи барқи Тоҷикистон ба ду кишвари ҳамсоя

Тоҷикистон дар соли 2015 ба хориҷ қариб 1,3 миллиард кВт.соат нерӯи барқ содир кардааст.

Мирзо Иброҳим, раиси ширкати “Барқи тоҷик” 24-уми декабр дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон гуфт, барқи Тоҷикистон асосан ба кишварҳои Афғонистон ва Қирғизистон содир шудааст.

Ба иттилои Мирзо Иброҳим, Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли равон 1 миллиарду 137 миллион кВт.соат нерӯи барқро бо нархи 3,7 сент содир кардааст. Инчунин Тоҷикистон ба Қирғизистон 159,1 миллион кВт.соат нерӯи барқро бо нархи 2,5 сент фурӯхтааст.

Роҳбари ширкати “Барқи тоҷик” ҳамчунин гуфтааст, бо фаро расидани фасли сармо интиқоли нерӯи барқ ба ду кишвари ҳамсояро қатъ карданд, зеро дар дохил эҳтиёҷ ба нерӯи барқ зиёд аст.

Қаблан масъулини “Барқи тоҷик” гуфта буданд, бозори фурӯши барқ дар Афғонистонро аз даст доданӣ нестанд ва бо фаро расидани фасли гармо ва зиёд шудани об дар обанборҳо дубора интиқоли барқ ба Афғонистонро аз сар мегиранд.

Тоҷикиситон нерӯи барқи содиротиашро ба Афғонистон аз тариқи 2 хати интиқоли нерӯи барқ: яке хати 110 кВт ва дуюмӣ хати 220 кВт  ва бо ду нарх ба анҷом мерасонад. Тибқи созишномае, ки ба миёни Душанбе ва Кобул ба имзо расондаанд, арзиши интиқоли нерӯи барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон аз тариқи хати 110 кВт 2.08 сенти амрикоӣ ва аз тариқи хати 220 кВ 3.78 сенти амрикоӣ муайян шуда буд.

Тоҷикистон дар давоми сол дар нерӯгоҳҳои барқию обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ имкони истеҳсоли ҳудуди 17 миллиард кВт нерӯи барқро дорад. Аммо дар фасли тобистон барои нерӯи барқ харидор надорад ва дар зимистон аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мекашанд.

Танҳо дар соли гузашта Тоҷикистон бинобар харидор наёфтани нерӯи барқ ба миқдори баробар ба истеҳсоли 2,6 млрд. кВт.соат нерӯи барқ обро аз обамборҳо партофтаанд. 

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?