Интиқоли ҷасади муҳоҷирон ба Ватан ва ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандони онҳо

Субҳи имрӯз, 18 май тариқи ҳавопаймои “Тоҷикэйр” ҷасадаи се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи як занозанӣ дар қабристони “Хованское”-и Маскав кушта шуданд, ба Душанбе расид.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, вобаста ба қазияи мазкур Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба аҳли оила ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намудаст.

Маврид ба зикр аст, ки се шаҳрванди Тоҷикистон: Иноятулло Ризоев, соли таваллудаш 1978, Суҳроб Хушаков, соли таваллудаш 1994, Сайнуриддин Собиров, соли таваллудаш 1974, сокинони шаҳри Роғун, рӯзи 14-майи соли 2016, аз тарафи гурӯҳи авбошон дар натиҷаи муноқиша дар қабристони Хованскии шаҳри Москав ба ҳалокат расидаанд.

Қаблан Сарвар Бахтӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат ба TojNews гуфта буд, дар натиҷаи ин задухурд 21 шаҳрванди Тоҷикистон бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои шаҳри Москав расонида шуданд. Аъзоёни комиссияи муштараки Сафорат бо маҷруҳон вохӯрӣ намуда, бо вазъи саломатии онҳо шинос гирдиданд. Айни ҳол дар беморхонаҳои шаҳри Москав тақрибан 10 шаҳрванди Тоҷикистон бистарӣ мебошанд ва боқимонда шаҳрвандон баъд аз кумаки тиббии аввалия ҷавоб дода шудаанд. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми хизматрасонии тиббии лозима расонида шуда истодааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тафтиш мешавад.

Назарҳо

худо рахматашон куна чояшона чаьнат куна бигузор дар ороми бихобанд

Шояд шумо суол ё назаре доред?