Интиқоди Қоҳир Расулзода аз раванди таъмиру тармими нақби “Истиқлол”

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз раванди корҳои таъмиру тармими нақби “Истиқлол” интиқод кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ӯ 4-уми июл барои аз наздик шинос шудан ба корҳои таъмиру тармим ва навсозӣ аз нақби “Истиқлол” дидан кардааст. Ӯ гуфтааст, ки иҷрои корҳои нақшавӣ ва тармиму навсозӣ нисбат суст ҷараён дорад.

Супориш додааст, ки барои ба роҳ мондани кори шабонарӯзӣ, дар як вақт ба роҳ мондани корҳои бетонрезӣ, таъмини саривақтии музди маоши  кормандон, афзун  намудани  нерӯи корӣ ва техникаю таҷҳизот, беҳдошти  шароити  барқрасонӣ, вусъати корҳои равшаннамоию ҳавотозакунӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 23-юми июн ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз соати 6:00 то 22:00 манъ карда шуда буд. Ҳоло ронандаҳо аз ағбаи Анзоб истифода мекунанд. Маҳдудияти ҳаракат дар нақби “Истиқлол” то охири моҳи сентябр идома меёбад.

Нақби мазкур аз тарҳҳои бузурги Эрон дар Тоҷикистон мебошад, соли 2006 бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти вақти Эрон расман ба истифода дода шуда буд. Аммо бо гузашти 9 сол вазъи ин нақб ҳамоно дар ҳолати вахим қарор дорад.

Соли 2003 барои идомаи сохтмони нақб миёни Тоҷикистону Эрон ба маблағи 120 миллион сомонӣ шартнома ба имзо расида буд. Аз ин ҳисоб 64 миллион сомонӣ ба тариқи қарз ва 30 миллион бурс аз ҷониби Эрон ва боқимонда маблағ ҳамчун ҳиссаи Тоҷикистон таъмин гашт. Баъди се сол эълон шуд, ки нақб омода шуд. Аммо то ҳол гузаштан аз ин нақб мушкил аст.

 Яке аз мушкилоти асосии он резиши об аз сақфи нақб мебошад, роҳи нақбро хароб мекунад. То ҳол натавонистаанд, ки пеши роҳи резиши обро гиранд. Роҳ ҳамеша дар ҳолати бад қарор доштааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба кор оғоз кардани нақби мошингардро «орзуи ҳазорсолаи мардуми тоҷик» номид. Маҳмуди Аҳмадинажод иҷрои лоиҳаи мазкурро кӯмаки миллати Эрон ба мардуми тоҷик унвон кард.

Дар давоми 9 соли охир Шералӣ Ганҷалзода чорум вазири нақлиёт мебошад, ки қасди ба интиҳо расондани тармими нақбро дорад. Мушкилоти нақби “Истиқлол” Абдураҳим Ашӯровро аз вазифа барканор кард. Тавони Низом Ҳаким ва Хайрулло Асоев ба тармими нақб нарасид. Ҳоло Шералӣ Ганҷалзода ҳар рӯз аз наздикии нақб гузориш медиҳад.

Copyright @2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?