Интиқоди Ато Мирхоҷа аз "дикторон ва суҳбатороён"-и телевизионҳои давлатӣ

Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз талаффузи “вилояти Бадахшон” дар шабакаҳои телевизионӣ интиқод кардааст.

19-уми феврал ӯ бо нашри як муроҷиат дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба унвонии раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода аз он нигаронӣ кардааст, ки “тайи муддати як моҳи охир (шояд бештар ҳам бошад) дикторон ва суҳбатороёни шабакаҳои телевизион “Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”-ро ба шакли “вилояти Бадахшон” талаффуз мекунанд. Бахусус дар барномаҳои “Ахбор” ва “Маълумот дар бораи обу ҳаво” ягон маротиба ибораи “Мухтори Кӯҳистон” садо намедиҳад”.

Ба таҳлили Ато Мирхоҷа ҳазфи ибораи “Мухтори Кӯҳистон” танбалӣ ва ё саҳв набуда, огоҳона сурат мегирад. Зеро ба бовари ӯ: “Аввалҳо фикр мекардам, ки шояд саҳв мекунанд ё танбалӣ. 

Пас аз муқоисаи рафтори дастандаркорони телевизионҳо бо Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва лоиҳаи “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баъзе санадҳои дигар ба чунин хулоса омадам, ки дастандаркорони телевизионҳо ба ин ғалат амдан, огоҳона ва мақсаднок роҳ медиҳанд”.

Ато Мирхоҷа бо хитоб ба раҳбарони шабакаҳои телевизионӣ навиштааст:

“Телевизион ҷойе нест, ки ҳар чи дилатон хост, ба ҳамон дастур кор кунед. Агар шумо дастур надода бошед, лоақал барномаҳои ахборатонро гоҳе тамошо ва таҳлил кунед. Агар дикторону ровиёнатон дар бораи ҷуғрофиёи сиёсиву маъмурии Тоҷикистон саводи кофӣ надошта бошанд, онҳоро ба курсҳои такмили ихтисос ба назди Зиннатулло фиристед.

Дирӯз хабареро дар бораи ба вилояти Бадахшон (?) расондани ёрии башардӯстӣ тамошо карда, фикр кардам, ки воқеа дар Бадахшони Афғонистон сурат мегирад. 

Ба ёд дошта бошед, ки вулусволии Бадахшон дар Афғонистон, яъне мамлакате дар соҳили чапи рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст, ки маъмулан аз тоҷикон сар карда то паштуҳову эрониҳо онро «Вилояти Бадахшон» мехонанд. Аммо Тоҷикистон, ки дар қисми рости рӯдхонаи Панҷ ҷойгир аст, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорад, ки соли 1925 таъсис ёфта, то имрӯз касе онро барҳам надодааст. Бинобар ин, на шумо ва на каси дигар ҳақ надорад, ки телевизионро ба дастгоҳи хостаҳои шахсии худ табдил дода, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи як вилояти бузурги Тоҷикистон зери по кунед.

Хоса дар соле, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ ҷашн гирифта мешавад, ин амалатон боиси ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳо дар байни бадахшониён ва барангезондани ихтилофҳои сунъӣ мегардад.

Фикр мекунам, ки иштибоҳи худро минбаъд ислоҳ мекунед ва ин суйитафоҳумро бартараф месозед.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санги асоси давлати Тоҷикистон аст. Санги асосро беҷо кардан хосияти хуб надорад.

Зи таърих ин аст осори мо:

Бадахшони пурганҷи мухтори мо!”

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Ато Мирхоча дуруст мегуяд. Вилояти Бадахшон яке аз 27 вилояти Чумхурии исломии Афгонистон аст. Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон яке аз 3 вилояти Чумхурии Точикистон аст.Талаботи мухими услуби ВАО - аник ва дакик овардани факту далелхо ва равшану фахмо ифода намудани фикр мебошад. Мутаассифона ин талабот дар барномахои телевизиони на хама вакт риоя мегардад. Дар Конститутсия номи вилоят дар хамин шакл оварда шудааст ва ба тагйири додани он зарурат нест. ВМБК - яке аз сутунхои мустахками кохи бузурги Вахдати Милли мебошад.
Э ин нависанда, ин қадар доно будааст. Амин Тоҷикистонро қисмат мекунӣ. Тоҷикистон бо Бадахшон буд аст ва мемона. Ту ин ҷо вражда насоз. Мардуми Бадахшон ягон гвақт аз Тоҷикистон ҷудо набуд ва намешавад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санги асоси давлати Тоҷикистон аст - хуб қайд кардӣ. Аммо санги асос ту беҷо кардан мехоҳӣ.
акаи муборакшох гапи шумо сад дар сад рост аст,ин нависанда точикистони азизамонро кисмат кардани.
ягон Бадахшони аз точикистон чудо шудани нест гап дарсари он меравад,ки Бадахшон худмухтор буд хаст ва хохад монд ягонкас нагуфтааст Бадахшон аз Точикистон чудо мешавад мо халки Бадахшон мехоем ба худмухторияти мо дахолат накунанд худмухтор хастем ва хоем монд иншалох
Мо мардуми сарбаланди Бадахшон бо Точикистон астем ва мемирем, Мо бо мардуми Хатлону Сугд ва дигар манотики кишварамон бародари хуни ва чони астем.
Мо мардуми сарбаланди Бадахшон бо Точикистон астем ва мемирем, Мо бо мардуми Хатлону Сугд ва дигар манотики кишварамон бародари хуни ва чони астем.
Аз мост, ки бар мост ... Дар шароитхои имрузаи кишвар мунтазам шохиди он мегардем, ки "ЗИЁИЁНИ БОСАВОД" хамаро дар хайрат мегузоранд. Ато Мирхоча яке аз чунин "кахрамононест", ки маро шахсан ба хайрат гушот. Бадахшон кисме аз механи хар яки мост ва онро мукаддас медонем. Аммо агар шумо вокеан шакли дурусти навишти номи вилоятро мехостед дар фейсбук не, балки телефони ва ё хадди акал бевосита мегуфтен !!! БАДАХШОН автономия хаст ё нест аз МОСТ ! Хар як сухан чоеву хар нукта макомедорад... ТАДЪКИД ба АТО МИРХОЧА: Махалбози шикасти давлати МОСТ... !!!
Проблемаои харрузаро хал кунед. Точикистон бе Бадхшон ва Бадахшон бе Точикистон ин хел гап чап бояд набошад. Совест дори эй олим бе амал...
Озир миёни турко ва курдо мебинед, ки чи гап аст.? амун курдоам мехоанд ки аз турко чудо шаванд. Худо нига дора ай рузи онхо
Акои Мирхоча Шумо бекор монда дигар ба чи машгул шуданатонро надонистед? Мо мардуми Бадахшон бо Точикистони азизамон амеша меболем!!! Моба Фаркаш не, ки мооро мардуми ВМКБ гуянд ё мардуми вилояти Бадахшон (ВБ) муимаш он ки мооро аз миллати азизамон точикони бофаранг чудо нанамоянд. Шумо бошед боз байни мо мардуми Бадахшон тафрика меандозед. Шумо худ аз амин миллати бофаранги точик астед ё не? Боз мегуям, ки мо мардуми Бадахшон ин миллати бофаранги худро амеша дуст медоштем ва медорем!!!! Гушандоз, ки фаркаш не мооро мардуми ВБ мегуянд. Бо гуфтани як ровии ТВ моро аз ин миллати азизамон чудо наменамоянд. тагироте, ки ба Сарконун даровардаанд ба мо мардуми Бадахшон дахл надорад, ончо номи боби шашумро иваз намуданд на боби афтумро
Эй амватанон наход мо хамин кори хахмакиро кунем, шукри ин давлати орому озодро кунем. Бехакли моро ба нести меорад, мо мардуми Бадахшон ин коро намехохем. Ар касе, ин намуд айвоноро гуш меандозад вай аз Бадахшон намебошад. Мо шукрона аз ватани ободамон Точикистон менамоем.
Бале, Ато Мирхоча дуруст гуфтааст имруз твт-ро тамошо кардан намешавад, ба чуз рекламаву тарохдухтарон , дигар ягони чизи тамошобоб нест.
ВМБК санги асоси давлати Тоҷикистон аст. Санги асосро беҷо кардан хосияти хуб надорад.
Мухтарам Ато Мирзохоча шумо олим ном доред,чи зарур омад моро,ки мо бояд хамин калимаро гирем?
Новобаста ба он ки баъд аз амин кадар офатои табии, ки дар хамсоя районхои мо рух доду, Президенти кишвар кумаку гамхори намуд, боз ингуна олимон мардуми осоиштаро сасону сарнагу менамоянд. Э кош чунин фитнагарон дар хамон офатхо нобуд шаванду Ватани моро ором гузоранд.
Мо бо андешахои Шумо мувофикем устод, аммо вакте Раиси Иттифоки Журналистони Точикистон ва Директори Академияи ВАО бидуни насаб ва номи падар, хамту -Зиннатулло, ном бурда мешавад,оё ин муносибати Шумо такрори сахви ровиёни "Ахбор"-и Шабакаи якумро намемонад?Зиннатуллои мегуфтагиятон кайхо боз мардаки капа-калон ва шахсияти намоёни сохаи журналистикаи Точикистон аст!
хеле хуб !! мо халки Бадахшон БО СУХАНОНАТ САД ДАР САД РОЗИ АСТЕМ ,ваде дар хамин чо хам лаганбардорони чаноб аз номи Бадахшон сухан меронанд,ВМКБ -барои мо аст ва мемонад ва хеч кас хакки иваз карданаш надорад ,мухтарам устод ин гапхои шумо барои одамони солимфикранд на хару гов,инхо конституцияи давлатро як бозича кардаанд ,конституцияшон чаноби оли мадуми мо рох намедихад ки худмухторияти моро барканор диханд!!!!!!!!!!!!1
дар ин чо факат касе тарафдори чаноб бошад ,фикрашро нависта метавонад ! айб аст !айб !
ануши лаганбардор

Шояд шумо суол ё назаре доред?