Инҳоро бояд шинохт: Саидалӣ Муҳиддинов

Аз ҷумлаи шинохтатрин олимон ва китобшиносони кишвар аст. 3 марти соли 1956 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.

Соли 1977 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсун¬зодаро ба итмом расонида, солҳои 1977-1979 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардааст.

Аз соли 1977 фаъолияти кори худро дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон) аз вазифаҳои китобдори калон, сармуҳаррир, мудири бахши шуъбаи илмӣ-методӣ, мудири шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ то ба директории Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ расидааст.

Солҳои 1985-1990 аспирант ва омўзгори Донишкадаи далватии фарҳанги Маскав буд. Инчунин саҳми бузурги худро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамчун омўзгор фаъолияти кори худро шурўъ намуда, то ба вазифаи декани шуъбаи ғойбона расидааст.

Солҳои 1998-2003 мудири Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, дотсенти кафедраи таърихнигории ДМТ, сардори кадрҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004-2005), мудири кафедраи ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи байналмилалии Тоҷи¬кистон (2005-2006), профессор, муовини мудири кафедра, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таърихи ватанӣ Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (2006-2008) буд.

Аз соли 2009 то инҷониб мудири кафедраи таърихи ватан дар Донишгоҳи слав¬янии Русияву Тоҷикистон мебошад. Муҳиддинов Саидалӣ Раҷабович баробари масъалаҳои назариявиву амалии омўзиши таърихи халқи тоҷик, таърихи Русия, таърихнигорӣ, манбаъ¬шиносӣ, муносибатҳои Тоҷикистону Русия, инчунин ба соҳаҳои гуногуни фарҳанг низ таваҷҷуҳ намуда, дар риштаҳои китобшиносӣ, китоб¬хонашиносӣ, библиографияшиносӣ ва санъати тасвирӣ силсила¬таҳ¬қи¬қот анҷом додаст.

Дар омодасозии мутахассисони соҳаи китоб¬дорӣ, саҳм¬гузорӣ намудааст. Ба аспиранту докторантҳо роҳбарӣ мекунад. Таҳти роҳбари ў чандин нафаррон бомуваффақият рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Номбурда муаллифи 6 рисолаи (моно¬графия), 20 китобу маҷмўа, 9 дастурамали методӣ барои китобдорону библиографҳо, 11 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ буда, зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ба чоп расонидааст.

Дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 2, медал¬ҳои Иттиҳоди Шўравӣ ва Ҷумҳурии Афғонистон, Аълочи маорифи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, узви Шўрои ҳимояи рисолаҳои доктории Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих мебошад.

Аз ҷумла: «Нигоҳ ва оила дар ҷамъияти Шуравӣ» (1979); «Абўалӣ ибни Сино» (1980);

«Китобхона-автомобил ва мақоми он дар хизматрасонии фарҳангии аҳолӣ» (1983);

«Библиографическое описание пресидско-таджикской миниатюры» (1990);

«Библиографияи санъти тоҷик: васоити таълимӣ-услубӣ барои донишҷуёни ғоибхон» (1997);

«Асосҳои библиография» (1997);

«Инъикоси ёдгориҳои санъати тасвирӣ дар «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров» (1998);

“Самари умр» (2000);

«Консепсияи инкишофи Китоб¬хонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010» (2001);

«Минётурҳои асримиёнаи форси-тоҷикӣ» (2004);

«Миниатюра в творчестве Камолид¬дина Бехзода и Ахмади Дониш» ( 2005);

«Таджик¬ская библиотека в ХI- ХVI веках» (2005);

«Историография изобразительного искусства таджик¬ского народа (досоветский период)» ( 2007);

«Тесты по истории таджик¬ского народа для студентов неисторических отделений» (2011 бо ҳаммуалифӣ);

«История изобразительного искусства таджикского наро¬да с древнейших времён до ХVI века: Учебное пособие» ( 2010);

«Бой¬гон¬шиносӣ: васоити таълимӣ» (2010, дар ҳаммуалифӣ);

«Русские худож¬ники в Таджикисатне» (вторая половина ХIX – 80 гг., ХХ века)» (2012);

«История таджикского народа (краткий курс для студентов неисторических отделаний вузов Руспублики Таджикистан» (дар ҳаммуалифӣ) ( 2012) ва ғайраҳо.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?