Инҳоро бояд шинохт: профессор Иброҳим Усмонов

Муаррих ва рӯзноманигори тоҷик. Шахсе, ки дар ин ду касб муваффақ будааст. Муддате кори сиёсӣ ҳам кардааст, вазир ҳам будаасту раиси кумита низ. Вале маъруфияташ чун устоди журналистон бештар аст. 

Ҳақиқатнигорӣ, бетарафӣ, адолатпешагӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиромро аз принсипҳои аслии журналистика медонад.  Доктори илми таърих, профессор. 
10-уми сентябри соли 1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашти вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) дида ба олам кушодааст.  Бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст ва дар Донишгоҳи Маскав аспирантура хондааст. 

Аз  дафтари фаъолиятҳои меҳнатиаш мехонем, ки дар рӯзномаи  “Тоҷикистони Советӣ” кор кардааст. Баъдан, дар ДДМТ омӯзгор будааст, солҳое ҳам дар Донишгоҳи шаҳри Кобул вазифаи мушовириро адо кардааст, декани факултаи филология, журналистика ва тарҷумонии ДДМТ, муовини раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизион будааст ва соли  1994 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Аммо дар ин вазифа муддате хеле кам кор кардааст. Солҳои 1995-96 Мушовири давлатии Президенти кишвар оид ба илм ва масъалаҳои иҷтимоӣ буда, аз соли 1995 то 2000 намояндаи мардум дар парлумон, раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва маданият буд. 

Дар давраҳои  музокароти сулҳи тоҷикон фаъолона иштирок кардааст ва аз моҳи июли соли 1997 то соли 2000 вазифаи раиси Комиссия оид ба масъалаҳои сиёсии Комиссияи оштии миллиро ба ӯҳда дошт.  

Аз 6-уми январи соли 2004 то декабри соли 2006 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Соли 2009 барои як сол раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид. Яке аз қадимтарин (аз соли 1974) узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. 

Соли 2013 Маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-ро асос гузошт, ки аз гардонандаи ин маҳфил мебошад. Ҳадаф аз ташкили ин маҳфил бозгӯ кардани ногуфтаҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Аз он вақт инҷониб дар маҳфилҳои он чеҳраҳои матраҳи кишвар даъват мешаванд.

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад. 

Ошкоро мавқеи зидди гузариш ба ҳуруфи арабиасос дорад ва бар ин назар аст, ки дар ин марҳила аз зиндагӣ хати прилик беҳтарин хат барои тоҷикон аст. Ва борҳо дар ин бора дар рӯзномаҳо расман изҳори назар кардаст. 

Муаллифи асарҳои зиёдест ва таҳқиқоти пурарзише дар таҳлили журналистикаи муосир дорад. 

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?