Имзои тарҳи амали ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои ИДМ

Сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ дар охирин мулоқоташон дар Қазоқистон нақшаи амалҳои муштарак дар ҳалли масоили муҳими молиявӣ-иқтисодӣ, ҳамчунин Стратегияи таъмини амнияти нақлиётӣ дар интиқолоти байналмилалиро имзо карданд. 

Бино ба хабари РИА “Новости” ин ҳуҷҷатҳо бар пояи татбиқи барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии кишварҳои ИДМ дар давраи то соли 2020 имзо шуданд. Илова бар ин консепсияи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва наздимарзии давлатҳои узви ИДМ то соли 2010 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он дар мадди назар гирифта шудааст. Як бахши муҳими созишнома самтҳои асосии ҳамкориҳо дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал то соли 2025, чорабиниҳои асосии фарҳангӣ дар солҳои 2016-2020 ба шумор меравад.  

Ин ҳуҷҷат ҳамчунин самтҳои асосии рушди системаи муштараки назорат ва арзёбиҳои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои ИДМ то соли 2020-ро дар бар гирифтааст. 

Ҳамзамон созишномаи дигаре ҳам ба имзо расидааст, ки ҳамкориҳои иттилоотии кишварҳои ширкаткунандаро танзим мекунад,  системаи ягонаи ҳисоби шаҳрвандони кишвари сеюм ва ё афроди бидуни мақоми шаҳрвандии воридшаванда ба қаламрави ИДМ-ро таъсис медиҳад.  

Ҷаласаи  Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ, ки рӯзе қабл дар  дар шаҳраки Боровоеи вилояти Акмолини Қазоқистон доир шуд, 20 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод ва ҳамзамон шаҳри Душанберо макони баргузории ҷаласаи навбатии он эълон кард, ки қарор аст 30-уми октябри соли равон баргузор шавад. 

Copyright @2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?