Имзои Созишномаи пешниҳоди қарзҳои хурди молиявӣ дар вазорати иқтисод

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил Созишномаи пешниҳоди кумаки молиявӣ ва техникӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди кишварро имзо карданд.  

Ин созишномаро аз ҷониби Ҳукумати кишвар рӯзи 11-уми марти соли равон вазири рушди иқтисод Неъматулло Ҳикматуллозода имзо кардааст.   

Бино ба гузориши дафтари матбуотии вазорати рушди иқтисод барномаҳои мазкур аз ҷониби Бонки олмонии рушд (KfW) дар доираи ҳамкории дуҷонибаи молиявӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва дар маросими имзои Созишнома Сафири Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Грэн, роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс, намояндагони бонк ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ширкат варзиданд.  

Манбаъ мегӯяд ҳамчунин, ба институтҳои молиявие, ки дар барнома ширкат меварзанд, аз ҳисоби мушовирони AFC Consultants International ва Мактаби Франкфуртии молия ва менеҷмент кумаки техникӣ пешниҳод карда мешавад. Қарзҳои пешбинишуда дар доираи барномаи маблағгузории кишоварзӣ барои дастгирии лоиҳаҳои рушди соҳаи кишварзӣ, аз ҷумла дастрас намудани таҷҳизоти кишоварзӣ, бунёд кардани гармхонаҳо, кандани чоҳ, сохтмони иншоотҳои обёрӣ ва хоҷагиҳои моҳидорӣ дар маҳалҳои деҳот, ҳамчунин рушди корхонаҳои деҳот, ки ба истеҳсол, коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, равона шудааст.

Тибқи барномаи маблағгузории манзил муассисаҳои молиявӣ маблағҳои қарзро барои қарздиҳии хоҷагиҳои шахсӣ дар деҳот барои харид, сохтмон, таъмири асосӣ ва васеъ кардани масоҳати манзил истифода мебаранд. Яке аз вижагиҳои асосии лоиҳаҳои мазкур кам будани фоизи қарзҳои муассисаҳои молиявӣ мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ ҳамаи қарзҳо тибқи барномаҳои мазкур аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди ҷумҳурӣ, ба мисли Ҳумо, Арванд, Имон Интернешнл, Эсхата, Оксус ва Аввалин бонки молиявии хурд пешниҳод карда мешаванд.

Copyright © 2015 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?