Имзои санади ҳамкориҳои энергетики миёни Тоҷикистону ИМА

Миёни Тоҷикистон ва ИМА  нахустин санади ҳамкорӣ ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Душанбе, Дэвид Браун, директори амалкунандаи намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ ва Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум барои ҳамкориҳои энергетикиро имзо кардаанд.

Нахустин санади ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соҳаи энергетикӣ баъд аз сафари Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии ИМА ба Душанбе ба имзо расид. Ҷон Керрӣ дар суҳбат бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ваъда карда буд, ки ИМА барои берун кардани Тоҷикистон аз буҳрони бебарқӣ кӯмак хоҳад кард.

Дар асоси санади мазкур мушовирони USAID бо ширкати “Корпорэйт Солюшнз” барои татбиқи бозсозии сохтори “Барқи Тоҷик” мусоидат мекунанд. Инчунин, ҳукумати ИМА тавассути созмони USAID Котиботи лоиҳаи хатти интиқолии “CASA-1000”-ро дастгирӣ менамояд. 

Вазири хориҷии ИМА баъд аз мулоқоташ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат ба хабарнигорон таъкид дошта буд, ки “роҳҳои гуногуни расидан ба таъмини нерӯи барқро баррасӣ кардем. Лоиҳаҳоеро амалӣ кунем, то ба Тоҷикистон имкон диҳад, ки дар панҷ соли оянда мардуми кишвари худ ва Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин карда тавонад”.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?