ИМА назорати Интернетро байналмилалӣ мекунад

Барои назорати ҷаҳонии шабакаи Интернет як сохтори байналмилалӣ таъсис дода мешавад.

Аъзои ICANN (Internet Corporation for Assigned Names and Numbers), созмони ғайритиҷоратии амрикоӣ, ки ба тақсими номҳо ва доменҳо дар Интернет аз замони ташкил шудани он машғуланд, ба қароре омаданд, ки акнун идораи онро ба уҳдаи як сохтори байналмилалӣ супоранд.

Дар ҷаласае, ки ахиран дар Марокаш баргузор шуд аъзои Созмони тақсими Интернет (ICANN) тарҳи интиқоли тадриҷии вазифаҳои техникии идораи шабакаи ҷаҳонии Интернетро ба гуруҳи байналмилалие таҳия кардаанд, ки ба ҳайати он намояндагони созмонҳои зидахл шомил мешаванд.

Ҳоло ин тарҳро бояд вазорати тиҷорати ИМА тасдиқ кунад. Аслан ин яке аз барномаҳои президенти ИМА Барак Обама буд ва онро чандин ширкатҳои технологӣ, аз ҷумла Google, Facebook ва Verizon дастгирӣ намуданд.

Аммо мунаққидони ин тарҳ мегӯянд, агар идораи Интернет ба гуруҳе вогузор шавад, ки ба ҳайати он аз Русия, Чин ва Эрон ҳам дохил хоҳанд шуд, боиси маҳдудият дар озодии сухан ва талош барои назорати Интернет мешавад.

ICANN соли 1998 дар ИМА сохта шуда буд, зеро Интернет аввалин маротиба маҳз дар Амрико шакл гирифт ва имрӯз ҳам ИМА як кишвари дар олам пешрафтаи комёбиҳои интернетӣ маҳсуб мешавад.

Аммо соли 2013, баъди фошкориҳои Эдвард Сноуден, ки таъқиби интернетӣ аз ҷониби ИМА-ро фош мекард, оламиёнро водор намуд, ки дар сохтори идории он таҷдиди назар шавад. Яъне, назорати Интернет набояд моли танҳо як кишвар бошад. Акнун қарор аст Вазорати тиҷорати ИМА то охири тирамоҳи соли равон ё ин тарҳоро тасдиқ кунд ва ё тарҳи худро омода ва пешниҳод намояд.

Шабакаи ҷаҳонии Интернет соли 1969 дар ИМА таъсис ёфтааст.

Copyright @2016 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?