ИМА хабари кушта шудани “волии Хуросон”-ро тайид кард

Вазорати дифоъи ИМА бо пахши хабаре иттилоъ дар мавриди кушта шудани Ҳофиз Сайидхон, фармондеҳи аршади ДОИШ дар Афғонистон ва Покистонро тасдиқ кард.

Дар ин гузориш омадааст, ки Сайидхон бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ охири моҳи гузашта кушта шуда буд.

Манбаъ гуфтааст, ки тайёраҳои Пентагон ӯро дар минтақаи Очини вилояти Нангарҳор куштаанд.  Дар хабар гуфта мешавад, ки дақиқан Ҳофиз Сайидхон 17 рӯз пеш дар як ҷанги шадид ба ҳалокат расида буд.

Чор рӯз пеш як фармондеҳи Артиши милии Афғонистон хабари марги Ҳофиз Сайидхонро расонаӣ карда буд, вале то кунун тасдиқи ин хабар аз манбаъҳои муъӣамад дастрас набуд.

Маврид ба ёдоварист, ки ДОИШ зимистони соли гузашта Ҳофиз Сайидхонро фармондеҳи нерӯҳои худ дар Афғонистон ва Покистон таъин кард. Вай ҳамчун волии Хуросони қаламрави ДОИШ эълон шуда буд.

Ин дуюмин бор аст, ки хабари марги Ҳофиз Сайидхон расонаӣ мешавад.

 Соли гузашта нерӯҳои давлатии Афғонистон гуфта буданд, ки фармондеҳи ДОИШ бар асари ҳамлаи шадиди ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ кушта шуд. Вале баъдтар маълум гардид, ки аз ин ҳамла вай бо ҷони солим фирор карда будааст.

Нангарҳор ягон вилоят дар Афғонистон аст, ки ДОИШ аз вуҷуди худ дарак медиҳад. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?