ИМА дар Душанбе вазъи амниятии Афғонистонро баррасӣ кард

Дар шаҳри Душанбе брифинги ҳайати ИМА оид ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, брифинги мазкур дар толори ин Вазорат баргузор гузаронида шуд.

Ҳайати ИМА-ро Муовини якуми намояндаи махсус оид ба Афғонистон ва Покистон Лорел Миллер роҳбарӣ намуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар брифинг намояндагони сохторҳои қудратӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати ИМА ба саволҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мавриди эҳтимом посух дод.

Бояд қайд кард, ки аз соли 2011 то ин замон ҷониби ИМА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ брифинг оид ба вазъи Афғонистон барпо менамояд. Ҳадаф аз он табодули назар доир ба раванди барқарорсозӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?