ИМА ба толибилмони тоҷик 212 ҳазор китоб тақдим намуд

Ҳукумати ИМА бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии китоб барои мактабаччагони тоҷик 212 ҳазор дона китоб туҳфа намудааст.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон,  китобҳои мазкур ба хонандагони синфҳои аз 1 то 4-и беш аз 1800 макотиби кишвар тақдим гардиданд.

Манбаъ мегӯяд, дар моҳи дигар бастаҳои иборат аз 116 дона китоби мувофиқ ба синну соли кӯдакон ба аксари мактабҳои кишвар дастрас хоҳанд гардид.  

Китобҳои туҳфакардаи Ҳукумати ИМА аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қобили қабул дониста шуда, дар таҳия ва ороиши бадеии онҳо муаллифон ва рассомони ҷумҳурӣ ҷалб гардидааанд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?