ИМА ба Корея иҷоза надод, ки ба Ӯзбакистон ҳавопаймои ҳарбӣ-омӯзишӣ фурӯшад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Курияёи Ҷанубӣ иҷозат надод, ки 12 ҳавопаймои ҳарбӣ-омӯзишии T-50 “Golden Eagle” ба маблағи 400 миллион доллар ба Ӯзбакистон бифрӯшад.

Бино ба навиштаи нашрияи “Korea Times” Вашингтон бо далели он, ки эҳтимол технологияи ин ҳавопаймо дастраси Русия зидди фурӯши ин намуди ҳавопаймо ба Ӯзбакистон шудааст.

Нашрия бо такя ба манобеъи худ дар ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ навиштааст: “Ҳукумати ИМА зидди муомилаи харидуфурӯши тайёраҳост. Кохи Сафед метарсад, ки технологияи он ба дасти русҳо мерасад. Аз сӯйи дигар ин амал боис мешавад миёни ҳамсояҳо муносибатҳо тира шаванд ва муҷиби ташаннуҷи авзоъ гардад”. 

 ИМА бар ин назар аст, ки Ӯзбакистон низ узви Созмони паймони Шонҳой аст ва дар ин паймон Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узвият доранд. Ӯзбакистон бо Русия равобити мустаҳкам дорад ва ИМА нигаронӣ аз он дорад, ки интиқоли Т-50 ба Тошканд сабабгори фош шудани технологияи он барои Русия мешавад”.

Ин нашрияи чопи Сеул гуфтааст, ки бо ин амали худ Вашингтон ба муомилоти тиҷоратии ду кишвар зарбаи ҳалокатовар мезанад. Ин муоҳадаест, ки моҳи майи соли равон дар ҷараёни мулоқоти сарварони ду кишвар имзо шудааст.  Аз сӯйи дигар манбаъ гуфтааст, ки идораҳои зидахли Куриё талош доранд, ки Вашингтонро барои лағви тасмими манъи муоҳадаи имзошуда мутақоид созанд. 

Ҳавопаймои ҳарбӣ-омӯзишии Т-50 “Golden Eagle” муштаракан аз ҷониби ширкати саноати ҳавопаймоиву кайҳонии Куриёии “Korea Aerospace Industries" (KAI) ва ширкати амрикоии “Lockheed Martin” сохта шудааст. 17 дарсади хароҷоти бунёди онро KAI, 13 дарсадро “Lockheed Martin” ва 70 дар сади дигарро ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ сармоягузорӣ кардаанд.

То ин замон ин ҳавопаймо ба Ироқ, Флиппин ва Таиланд ва нусхаи дигари он бо номи  TA-50s ба Индонезия фурӯхта мешавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?