ИМА ба Исроил барои аслиҳахарӣ 38 миллиард доллар медиҳад

Бинёмин Натанёҳу хостаҳояшро аз Барак Обама бароварда кард

Қарор аст имрӯз миёни Исроил ва ИМА бузургтарин қарордоди кӯмаки таслиҳотӣ дар таърихи муносибатҳои ду кишвар имзо шавад. Ин кӯмакҳо ба арзиши 38 миллиёрд доллар буда, расонидани техкникаи ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангиро дар бар мегирад.

Илова бар ин ИМА худро уҳдадор кардааст, ки ҳар сол ба Исроил ба маблағи 500 миллион доллар барои таҷдид ва густариши барномаи  сипари мушакӣ ирсол кунад.

Вашингтон ба он шарте ба Исроил ин кӯмакҳоро мекунад, ки аз ин ба баъд Тел-Авив дархости мустақим дар мавриди силоҳу аслиҳа ба Конгрес накунад.

Давлати Барак Обама мегӯяд гуфтушунидҳо дар мавриди ин “қарордоди таърихӣ” муддати даҳ моҳ аст, ки ҷараён дорад ва ҳоло тарафҳо ба мувофақа расидаанд ва қарор аст он имрӯз, чаҳоршанбеи 14-уми сентябр имзо шавад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар наздиктарин фурсат президент Барак Обама ва сарвазири давлати яҳудӣ Бинёмин Натанёҳу дар ҳошияи Иҷлоси умумии СММ дар Ню-Йорк бо ҳам дидор хоҳанд кард.
ИМА ба Исроил дар ҳоле кӯмак мекунад, ки ин кишвар сиёсати фашистии худро идома дода, ғасби Фаластинро идома медиҳад.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?