Иқдоми мактабсозии Убайдуллоев пас аз супориши Президент дар паёми солонааш

Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш додааст, ки дар давоми ду ҳафта барои бунёди мактаби инкишофи зеҳнӣ “тадбирҳои судманд” андешида шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, 23-юми январ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи корӣ ба Сарраёсати меъморию шаҳрсозӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳр супориш додааст, ки дар ҳудуди кӯчаи С.Айнӣ ва қисмати шарқии шаҳраки Академикҳо барои бунёди мактаби мазкур қитъаи замин ҷудо карда шавад.

Мактаби инкишофи зеҳнӣ зерсохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон хоҳад буд. Ин иқдоми Убайдуллоев пас аз паёми Президент ба Маҷлиси олӣ гирифта шудааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон 20-уми январ дар паёмаш гуфта буд, ки “бо супориши Роҳбари давлат имсол дар шаҳри Душанбе бори нахуст дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон мактаби инкишофи зеҳнӣ бунёд гардида, Вазорати маориф ва илм вазифадор шудааст, ки ба Ҳукумати мамлакат барномаи давлатии таъсиси чунин мактабҳоро дар маркази ҳамаи вилоятҳо пешниҳод намояд. Бо ин роҳ мо барои рушди нерӯи инсонӣ ва ҷалби наврасон ба таҳсилоти муосири босифат имконияти бештар фароҳам меорем”.

Copyright @2016 TojNews     

Шояд шумо суол ё назаре доред?