Бадахшон: Ифтитоҳи як пул ва корхонаи коркади ангат аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сафари кориаш ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон як пули нави мошингузар ва корхонаи коркарди ангатро дар ноҳияи Ванҷ ба истифода дод.

Ин пул дар болои дарёи Ванҷоб дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сохта шуда, иқтидори борбардории 100 тоннаро дорад. Дарозии он 146 метр буда, Паҳноии купрук 10 метру 50 сантиметр ва қисми мошингузар 8 метру 50 сантиметр аст.

Пули мазкур аз тарафи “Корпоратсияи Хитоӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо” дар асоси шартнома бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо маблағи 4 миллиону306 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, моҳи июни соли 2015-ум ба анҷом расид.

Барои сохтмони пули номбаршуда дар маҷмуъ 27 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи пули мазкур ба Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои кушодани роҳҳои дар натиҷаи обхезӣ бандшуда дар ҳудуди ноҳияҳои ВМКБ монеаҳоро ҳарчи зудтар бартараф карда, оид ба иҷрои корҳо гузориш диҳанд.

Бино ба  иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи пул инчунин дар деҳаи деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ  ба оғози фаъолияти сехи коркарди ангат асос гузошт.

Ин корхона  бо пешниҳоди  Ғафурова Васила, як сокини ин ноҳия қаблан ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд. 

Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар пайи обхезиҳо ба ВМКБ бомдоди 28-уми июл оғоз шуд.

Ин сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон аз 28 - ум то 31 - уми июл дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ идома меёбад. Дар назар аст, ки зимни ин сафар Президент дар оғози фаъолияти як қатор иншоот ширкат карда, бо сокинон низ мулоқот кунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Дарвоз ҳамчунин бо вазъи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба сокинони аз офатҳо зарардида ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои бесарпаноҳмонда шинос мешавад.

Президент дар ин сафар аз ҷумла корхонаи коркарди ангат дар ноҳияи Ванҷ ва корхонаи коркарди ғалла дар ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ хоҳад кард.

Ҳамчунин, ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Дарвоз, комплекси туристию истеҳсолии “Ванҷи боло” дар деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ ва Маҷмааи варзишӣ барои 1700 ҷой дар маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ, марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ, маҷмааҳои туристию истироҳатӣ, маркази омӯзишии кохи бонувон бо номи Меҳри модар ба нақша гирифта шудааст.

Copyright © 2015 TojNews

 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?