Ифтитоҳи роҳи 131 миллиондоллараи Душанбе-Турсунзода аз ҷониби Президент

Президент Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзодаро, ки бо маблағи 131, 2 миллион доллари амрикоӣ бозсозӣ шудааст, ифтитоҳ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, субҳи 18-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сафараш ба шаҳри Турсунзода нахуст роҳи мошингарди минтақавии Душанбе-Турсунзодаро расман ифтитоҳ кардааст.

Таҷдиду азнавсозии роҳи мазкур соли 2011 оғоз ёфта буд. Он аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода навсозӣ шудааст, ки 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати 4 хаттаи нақлиёт бунёд ёфтааст. Боқимонда қисми роҳ бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати ду хаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин, 61 км. роҳи ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро пурра чароғон кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ибтидо пешбинӣ мешуд, ки тамоми роҳ чаҳорхата бунёд хоҳад шуд.

Ин роҳ аз ҷониби сохтмончиёни тоҷику чинӣ бунёд ёфт, ки арзиши умумии лоиҳаи беҳтар кардани ҳолати роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар маҷмуъ 131, 2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Он бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва гранти бонки Осиёгии Рушд амалӣ гардид. 

Тибқи лоиҳа дар шоҳроҳ 9 купрук бунёд гардида, бо назардошти талабот 213 адад қубури обгузар хобонда шудааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки нигоҳубини хуби роҳ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад, то ин ки он солиёни зиёд барои мардум ҳамчун иншооти муҳим хизмат расонад.

Роҳи мошингард аз ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода мегузарад ва ҳамчун иншооти дорои аҳамияти минтақавӣ хизмат мерасонад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон санги асоси оғози корҳои навсозии роҳро 7-уми ноябри соли 2011 гузошта буданд. Он вақт гузориш дода буданд, ки “ин шоҳроҳи дарозиаш 66 километр бо харҷи беш аз 900 миллион сомонӣ ё худ 181 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тармиму навсозӣ қарор мегирад”.

Он замон Раҳмон ба роҳбарияти ширкати роҳсозии Чайна Роуди Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид дошт, ки ин кор на дар 3 сол, балки дар 2 сол, вале бо риояи тамоми талаботи ҷаҳонии сифату эътимодбахшӣ анҷом дода шавад.

Гуфта мешуд, ки ин нахустин роҳи дараҷаи якуми сифат дар Тоҷикистон хоҳад буд, зеро роҳҳои дигари то ин вақт бунёдёфта ба дараҷаҳои дуюм ва сеюм тааллуқ доранд.

Тибқи лоиҳа, масофаи 4,6 километри ин роҳ – аз назди пайкараи Абўалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе аз 8 хатти ҳаракати мошинҳо ва боқимондаи роҳ аз 4 хат иборат хоҳад буд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Рохи нав, икболи нав муборак бошад хамдиёрони азиз!

Шояд шумо суол ё назаре доред?