Ифтитоҳи калонтарин корхонаи нассоҷӣ дар Данғара

Дар ноҳияи Данғара бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син-Силу Текстил” ифтитоҳ шуд.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, “сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син-Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара бузургтарин ва муассиртарин иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои зиёди кории нав дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.”

Бунёди ин маҷмааи нассоҷии ба қавли мақомот “дар минтақа беназир” моҳи декабри соли 2014 аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон асос гузошта шуда, корхона аз чор марҳилаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунию дӯзандагӣ иборат мебошад.

Дар маҷмӯъ иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матои пахтагӣ дар як сол баробар буда, дар сурати фаъол гардидан бо иқтидори пурра зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешавад.
 

Ин маҷмааи нассоҷӣ дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии мардумии Чин бунёд шуда, дар коргоҳҳои алоҳидаи он навтарин технологияи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулот аз ширкатҳои шуҳратманду ҷаҳонии ШМА, Италия, Швейтсария, Олмон ва Ҷумҳурии мардумии Чин васлу насб шудааст.
 

Шояд шумо суол ё назаре доред?