Ифтитоҳи бузургтарин бемористони Душанбе дар ҳудуди 10 гектар

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бемористони бузурги шаҳриро ифтитоҳ кард.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи 4-уми март Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кормандони соҳаи тибб маҷмаи тандурустиро ифтитоҳ кард. Ӯ зимни суханрониаш пешниҳод кардааст, ки муассисаи навбунёди имрӯза  Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” номида шавад.

Дар гузашта номи оннро Маҷмааи тандурустӣ “Пойтахт-90” меномиданд, ки аз 38 иншоот иборат буда, дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст пешбинӣ мешавад.

Шифохонаи мазкур дар майдони ҳудуди 10 гектар дар шафати маркази ҷумҳуриявии ташхиси бемориҳо дар хиёбони Неъмат Қаробоев, дар маҳаллаи 46-уми пойтахт бунёд шудааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи бемористон гуфтааст, ки арзиши умумии корҳои сохтмонии маҷмаа 706 миллион сомониро ташкил кард.

Бунёди маҷмаи мазкур ҳанӯз соли 1987 ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонии он дар оғози соли 2013 шурӯъ шуда буд. Интизор мерафт, ки ба муносибати таҷлили 90-солагии Душанбе дар интиҳои соли 2014 ба истифода дода шавад. Қаблан, мегуфтанд, ки шифохона ба маблағи 400 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад.

Моҳи октябри соли 2015 вакилони Маҷлиси намояндагон барои ҳарчи зудтар ба истифода додани ин бемористон онро аз супурдани боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карданд. Воридоти 90 номгӯйи таҷҳизот, дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои муҷаҳҳазгардонии иншоотҳои Маҷмаа аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ҳоло дар пойгоҳи маҷмаа 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ, Маркази таълимиву тамрин, китобхонаҳои электронӣ ва адабиёти тиббӣ таъсис дода шудаанд.

“Бори нахуст дар сохтори тандурустии пойтахти кишварамон бахшҳои алоҳидаи ҷарроҳии дилу рагҳои кӯдакон, тасфияи  хуни кӯдакон, муҳандисии клиникӣ, тибби анъанавӣ ва зиёда аз 50 кати наҷотбахшӣ ташкил карда шудаанд”, - мегӯяд Президент.

Дар назар аст, ки баъди ба истифода қарор гирифтани бемористон мазкур беш аз 2 ҳазор нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба кор фаро гирифта шаванд.

Моҳи ноябри соли гузашта барои роҳ додан ба омилҳои коррупсионӣ дар бунёди иншооти мазкур Саидашраф Анваров, раҳбари Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буд.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?