Ифшои корхонаи тақаллубии тавлиди смартфонҳои Apple дар Чин

Мақомоти Чин нуҳ нафарро ба гумони даст доштан дар роҳандозии як корхонаи пинҳонӣ, ки беш аз 40 ҳазор адад смартфонҳои қалбакии Apple iPhone-ро истеҳсол кардааст, боздошт кардаанд.

Дар ин корхонаи ғайриқонунӣ садҳо нафар кор мекарданд ва ба чуз смартфонҳо қисмҳои эҳтиётии онро низ тавлид мекарданд. Ҳаҷми умумии тавлидоти ин корхона ба 120 миллион юан (19 миллион доллар) баробар будааст.

Ин фабрика 14-уми май аз ҷониби мақомоти интизомӣ кашф шудааст, аммо хабари расмии он танҳо рӯзи якшанбеи гузашта расонаӣ шуд. 

Истеҳсоли смартфонҳои тақаллубӣ моҳи январи соли равон шуруъ шудааст. Мақомот мегӯянд онро як хонавода таъсис кардааст, аммо корҳои ҷамъуҷӯри он дар беруни як шаҳре воқеъ дар шимоли пойтахти Чин сурат мегирифт.

 Бино ба маълумотҳо аввалин бор дар бораи мавҷудияти тавлидгоҳи пинҳонии смартфонҳо дар Чин амрикоиҳо баъди кашфи чанд намуна аз он ба мақомоти ин кишвар хабар додаанд.

 Чин ҳоло эълон кардааст, ки ба муқобили тақаллубкорӣ ҷанги шадид эълон намудааст. Ҳукуматдорон мегӯянд бояд ширкатҳо расман фаъолият дошта бошанд ва барои идомаи самараноки корашон муоҳадаҳои расмӣ имзо кунанд. 

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки Пекин ва Вашингтон дар мавриди муборизаи муштарак зидди ин тақаллубкориҳо ба мувофиқа расидаанд. 

Як блоггер бо номи рамзии BirdAbroad навиштааст, ки смартфонҳои тақаллубии чинӣ зоҳиран аз тавлидоти  ширкати Apple  фарқе надоранд, ҳатто аксари кормандони корхона гумон доштаанд, ки онҳо дар ҳақиқат коргарони Apple ҳастанд.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?