Ифшои ҷузъиёти дигар аз парвандаи муштараки Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломӣ ва генерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ ҳамчунин ба бисёрзанӣ муттаҳам мешаванд.

Муфаттишони Прокуратураи генералӣ даъво доранд, ки якбора бо ду ҳамсар зиндагонӣ доштани Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалимро собит кунанд.   

Яке аз муфатишони парвандаи маъруфи Ҳоҷӣ Ҳалим- Абдуҳалим Назарзода, собиқ вазири дифоъи Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо шарти ифшо нушудани номаш гуфт, тафтишот дузанагии Ҳоҷӣ Ҳалим ва Муҳиддин Кабирӣ собит шудааст.

Ин манбаъ гуфт, ки нисбати ҳарду парвандаи муштарак оғоз шуда, то ҳол собит шудааст, ки Муҳиддин Кабирӣ бо ду ҳамсараш, ки феълан дар Туркия ба сар мебаранд, зиндагонӣ доштааст.

“Раиси ҲНИТ ҳамсари дуввумашро ҳанӯз соли 2012 ва якумашро соли 2013 ба Туркия кӯчонда будааст. Хешу таббори ҳамсари дуввумаш инро тасдиқ мекунанд”,- гуфт манбаъ.

То имрўз мақомот Кабириро ба даст доштан дар ошӯбе, ки бино ба иддаои онҳо Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ ташкил карда буд, муттаҳам мекарданд.

Ин парвандаро мақомот махфӣ эълон карда, маълумоти дигар расонаӣ нашудааст.

Ба бисёрзании Абдуҳалим Назарзодаро мақомот хеле пеш, дар шабакаҳои телевизион муттаҳам карда буданд. Гуфта мешуд, ки яке аз ҳамсарони марҳум яке аз овозхонони ансамбли ҳунарии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ будааст.

Дар нишасти матбуотии ВКД оид ба фаъолияти яксолаи ин вазорат, Рамазон Раҳимзода ба саволи хабарнигорон дар ин бора аз посух додан худдорӣ карда буд.

Бисёрзанӣ яке аз иттиҳомотест, ки ҳамчунин нисбати Зайд Саидов, раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” ва соҳибкори муваффақ эълон шуда буд, ки моҳи майи 2013 боздошт ва соли гузашта ба 29 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, пештар аз қазияи "ошӯб", ки дар пайи он Абдуҳалим Назарзода кушта ва ҳудудан 170 нафар боздошт шуданд, аз кишвар фирор карда, ҳоло дар яке кишварҳои аврупоӣ қарор дорад. 

Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот дар баробари муроҷиатномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои посдори сулҳи тоҷикон, онро беасос хонда, ҲНИТ-ро ҳамрайъ ба созмонҳои ифротгаро донист.

Дар ин гуфта мешуд: “Роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад.

Раиси ҲНИТ - Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рў хариду фурўши он манъ аст”.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хориҷӣ айбҳои пештар эълонкардаи мақомотро беасос ва сиёсӣ хонда буд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?