Ифшои беш аз 4 тонна маҳсулоти кӯҳнашуда дар амбор ва мағозаҳои Душанбе

Танҳо дар як анбори нигоҳдории маҳсулоти озуқа дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3,5 тонна маҳсулоти хӯроквории кӯҳнашударо ифшо шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти “Тоҷикстандарт”,  масъулини анбори нигоҳдории маҳсулоти ҶДММ “Фирдавсӣ бартар-Этко” бо вуҷуди гузаштани мӯҳлати истеъмоли маҳсулоти гуногун онро дар анбори худ нигоҳ дошта, аз истифода набаровардаанд. 

Дар ин анбор 334 кг картошкаи бирёншудаи “Маз-Маз”, 621 кг маҳсулоти қаннодӣ, 150 кг донаи офтобпараст, 324 кг консерваи лубиёгӣ ва зардолу, 1700 кг консерваи моҳигӣ ва 432 кг гӯшти мурғ дарёфт шудааст. 

Бо гузаронидани як рейд масъулини “Тоҷикстандарт” ҳамчунин аз якчанд нуқтаҳои савдои пойтахт  765 литр нӯшокиҳои ташнашикан, 196 кг маҳсулоти қаннодӣ, 31 кг қандчаҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Чин, 12 кг чойи хушк, 20 кг маҳсулоти ширӣ ва монанди ин ошкор ва аз муомилот гирифта шудаанд.

Масъулини ин ниҳод мегӯянд, масъулини анбори “Фирдавсӣ бартар-Этко” ва нуқтаҳои савдо барои ба нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти мӯҳлаташон гузашта муҷозот хоҳанд шуд.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?