Идомаи музокироти Тоҷикистону Арабистон барои ҷалби муҳоҷирони корӣ

Музокироти Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бораи ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик, ки эҳтимол ходимони манзилиро низ дар бар мегирад, идома дорад.

Рӯзномаи “ал-Иқтисодия”-и Арабистони Саудь бо истинод ба манобеи худ дар сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар навишааст, ки ҷониби Саудӣ дар ин маврид хатти музокирот бо масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро ба роҳ мондааст, аммо ҷонибҳо то ҳол ба имзои ин тавофуқнома ба мувофиқа нарасидаанд.

Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистону Арабистон дар ин замина шарту шароите пешниҳод кардаанд, ки ҷонибҳо онро ба пуррагӣ напазируфтаанд.

Вазорати кори Арабистони Саудӣ барои ҷалби муҳоҷирони корӣ иловатан барои чор кишвари Осиёӣ ва Африқоӣ иҷозат додааст, аммо таъкид кардааст, ки чун африқоиҳо ба муҳити ин кишвар созгортар ва бо музди камтар кор мекунанд, авлавиятро ба онҳо медиҳад.

Тоҷикистону Арабистони Саудӣ аз соли 2007 ба ин сӯ талош доранд, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба ин кишвар ҷалб карда шавад, дар ин замина Ёддошти тафоҳум ҳам миёни ин ду кишвар имзо шудааст.

Дар ин муддат чандин маротиби гурӯҳҳои хурди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикитсон ба Арабистон фиристода шуда буд, аммо чун музди меҳнат дар он кишвар камтар аст, ҷонибҳо муваффақ нашудаанд, ки раванди муҳоҷирати кориро мунтазам ба роҳ монанд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?