HRW Дӯстумро ба қатли ғайринизомиён ва бадрафторӣ нисбати онҳо муттаҳам кард

Созмони дидабони ҳуқуқи башар (Хюман Райтс Вотч) афроди генерал Абдурашиди Дӯстумро ба ба куштор ва бадрафторӣ нисбат ба қурбониён ва бозмондагони онҳо муттаҳам кардааст.

Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, сабозони мутааллиқ ба Ҷунбиши миллии Афғонистон таҳти рабарии генерал Дӯстум даст ба қатли ғайринизомиён задаанд ва иддае дигарро азобу шиканҷа кардаанд.

Ин созмон аз ҳукумати Афғонистон хостааст омилони ин амалҳои ғайриқонуниро муҷозот кунад. Дар гузориши Human Rights Watch аз ҷумла омадааст, ки рӯзи 26-уми январи соли равон дар амалиёт бар зидди гуруҳи Толибон дар вилояти Фарёб нерӯҳои вафодор ба Дӯстум 13 ғайринизомиро кушта 32 тани дигарро захмӣ кардааст.

Дар гузориш ҳамчунин мехонем, ки баъди хуруҷи Толибон аз минтақаи ёдшуда, дӯстумиҳо ба чор русто ворид шудаанд ва бошандагони онро ба ҳимоят аз гуруҳи Толибон муттаҳам кардаву онҳоро шиканҷа намудаанд.

Аз сӯи дигар гузориш расидааст, ки бо дастури Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон шуморе аз сарбозони Дӯстум, ки даст ба чунин амалҳои хасмона задаанд, боздошт шудаанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?