Хушбинии Логорд аз поинравии нархи нафт

Арзоншавии нархи нефт ба фоидаи кишварҳои воридкунанда ва бар зарари давлатҳои тавлидкунанда аст.

Кристиян Логорд, раиси Сандуқи байналмилалии пул арзон шудани нархи нафти хомро хуб ва агар чӣ он ба зиёни кишварҳои содиркунанад бошад ҳам барои рушди иқтисоди кишварҳои ҷаҳон мусбат арзёбӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузори Рейтерз, Логорд гуфтааст: “Мо шоҳиди 30 дарсад коҳиши нархи нефт будем, ин метавонад ба 0,8 дарсад дар рушди иқтисодии кишварҳои комилан пешрафта таъсиргузор бошад, чаро, ки ҳамаи ин кишварҳо воридкунанда ҳастанд”.

Логорд таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир кишварҳои содиркунандаи нефт аз ҷумла Винесуэла, Ирон, Русия ва Нигерия, ки ҳамаи онҳо тавлидкунандаи нефт мебошанд, бо паёмадҳои манфие рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ва ин масъала бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад.

Тайи 5 соли гузашта қимати нефти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба пойинтарин ҳадди худ расида ва шурӯъ аз моҳи июли соли ҷорӣ ба сабаби содироти зиёди он ҳудуди 40% коҳиш ёфтааст. 

Copyright © 2014 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?