Хурмои Эрон куҷо шуд?

Дар бозорҳои Душанбе ҷойи хурмои арабиро, ки аз Эрон ворид мешуд, хурмои нави машкук гирифтааст, ки се маротиба гаронтар аст.

Баъди маҳдуд шудани воридоти маҳсулоти эронӣ ба Тоҷикистон, дар бозорҳои пойтахт маҳсулоти машкук ва гароннарх пайдо шудааст.

Яке аз ин маҳсулот, ки ҳамасола дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бозорҳоро пур мекард, хурмои арабӣ, ё эронӣ имсол дар бозорҳо камёфт аст. 

Аммо ин навъи меваи хушкро, ки асосан аз Ҷумҳурии исломии Эрон ворид мешуд, навъи дигари хурмо иваз кардааст. Барои мисол, дар бозори “Фаровон”-и пойтахт, ки он ҷо фурӯши яклухти мол роиҷ асту, аксари бозору фурӯшгоҳҳо аз он ҷо бо маҳсулот таъмин мешаванд, хурмои навъи “Кими” ба фурӯш бароварда шуд.

Як қуттӣ аз ин навъи хурмои хориҷӣ, ки 500гр вазн дорад, 20 сомонӣ фурӯхта мешавад. Он ҳам дар бозори яклухтфурӯшӣ. Дар бозорҳои дигар, мусаллам аст, ки нархи он боз аз 10 то 20 дарсад меафзояд.

Дар ҳоле, ки дар ин бозор мо хурмои истеҳсоли эронро наёфтем. Дар қуттиҳои “Кими” бо забонҳои арабӣ ва инглисӣ навишта шудааст, ки хурмо ба Алҷазоир мансуб аст. Аммо дар матни тоҷикӣ мехонем, ки ин хурмо дар Тунис истеҳсол шуда, дар Аморати муттаҳидаи Араб бастабандӣ шудааст.

Навиштаҷоти тоҷикӣ ҳарчанд машкук ба назар мерасад, эроди мақомоти Тоҷикистонро ба маҳсулоти Ҷумҳурии исломии Эрон ба ёд меорад, ки мегуфтанд, дар онҳо бояд навиштаҷоти тоҷикӣ бошад. Маҳз ба ҳамин сабаб, гӯё Тоҷикистон воридоти маҳсулоти Эронро маҳдуд кард.

Бастабандии “Кими” як бастабандии бисёр оддӣ ба назар мерасад, ки эҳтиёҷи ба кишвари дигар интиқол доданашро намебинем. Чаро “Кими”-и Алҷазоирро дар Тунис бастабандӣ кардаанд? Ва ба Тоҷикистон ворид кардани маҳз ҳамин хурмо, чи ҳикмат дорад? Дар ҳоле, ки ҳамон намуди бастабандиро феълан дар Тоҷикистон ҳам анҷом додан мумкин аст.  

Хурмои Эрон, ки то се маротоиба арзонтар, тамоми сол дар фурӯшгоҳҳои кишвар баҳри ниёзи мардум фароҳам буд, куҷо шуд? Ворид кардани “Кими”-и гаронтар ба манфиати кист? Билоохира, ин хурмои кадом кишвар аст, аз Тунис ва ё аз Алҷазоир? Чаро агар хурмои иронӣ мамнуъ шудааст, аз ягон кишвари наздиктар мисли Покистону Ҳинд неву аз як шивари дури Африқоӣ бояд хурмо ворид кунем ва ба ин нархи қиммат? 

Дар Агентии “Тоҷикстандарт” мегӯянд,  ки дар соли ҷорӣ, дар моҳи январ як маротиба аз Эрон ба Тоҷикистон 6 тонна хурмо ворид шудааст.  

Мурод Ашуров, сардори Маркази матбуотии Агентии “Тоҷикстандарт” дар суҳбат бо хабарнигори TojNews гуфт, ки “Дар мавриди навъи хурмои “Кими” ягон маълумоте пайдо накардем. Аз ин бар меояд, ки мо ба ин навъи маҳсулот шаҳодатнома надодаем. Агар шаҳодатнома медодем, медонистем, ки аз куҷо ворид шудаасту дар куҷо бастабанди шудааст.  Барои омӯзиш имрӯз кормандонамонро ба бозорҳо фиристодем, то ин навъи хурморо пайдо кунанду аз куҷо ворид шуданашро аз соҳибкорон пурсанд. Дар сурати пайдо кардани маълумот ба Шумо хабар медиҳем”.

Ба фикри ман пештар соҳибкорони мо аз Эрон хурмои муҳлаташ кам мондаро бо нархи арзон харидорӣ намуда, ба Тоҷикистон ворид мекарданд. Онро дар анборҳо нигоҳ дошта бо нархи арзон мефурӯхтанд. Дар соли гузашта баъд аз оне, ки чанд соҳибкорро барои нигаҳдории хурмои гайристандартӣ дастгир карданд воридот ба ин навъи маҳсулот кам шуд”- афзуд Мурод Ашуров.   

Ба гуфтаи ӯ “дар охири соли 2015 1, 7 тоннаю хурмои арабии муҳлаташ гузаштаро  аз бозорҳо ҷамъоварӣ ва нобуд карда будем. Дар 5 ҳолат аз рӯйи сифат, бехатарӣ ва тамғагузорӣ, ин миқдор маҳсулот аз муомилот гирифта шудаанд, яъне ғайристнадартӣ дониста шуданд. Тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорон парвандаи маъмурӣ оғоз шуда буд”.

Таҷрибаи Суғд такрор мешавад?

Соли гузашта ҳам дар арафаи моҳи мубораки Рамазон ба як ҳодисаи монанд дар вилояти Суғд монеъ шуда буданд.

Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд аз боздошти миқдори зиёди ҳалвову хурмо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон – 15-уми июни соли 2015 хабар дода буд.

Маҳкамбой Каримов - масъули дафтари матбуоти “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд гуфта буд, ки санҷиши давлатӣ оид ба риояи хизматрасонии савдои чакана ва бехатарии маҳсулот, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифтааст, нишон дод, ки дар амборхонаи ҶДММ “Абад-тиҷорат”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд наздики 8 000 кг маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта барои фурӯш нигоҳ дошта мешавад. Маблағи умумии ин маҳсулот беш аз 52 000 сомониро ташкил медиҳад: “Аз ҷумлаи маҳсулоти муҳлатгузашта зиёда аз 1 000 адад рулети “Фафа”, қариб 4 000 қуттӣ ҳалвои “Симурғ”, 4 ҳазору 500 кг ҳалвои “Солеҳ”, 3 000 кг хурмо ва боз чанд намуди дигари шириниҳо, ки ҳама истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эронанд, буданд”.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, ташхис нишон додааст, ки аксар маҳсулоти барои ташхис пешниҳодгардида аз рӯйи нишондиҳандаҳо ба талаботи стандартӣ мутобиқ набуданд: “Масалан, хурмои истеҳсоли Эрон аз рӯйи нишондодҳои гузаштани муҳлати истеъмол ва маззаву бӯйи туршӣ ва ҳалво бошад, аз рӯйи номаълум будани санаи истеҳсол, мавҷуд будани бӯйи равғани талх ва ҷудошавии моеи равғанмонанд дар ҳалво ба талаботи стандарт ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шуданд.

Гуфта мешуд, ки махсулоти номбурдаи пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузаштаро соҳибкор, раҳбари ҶДММ “Абад-тиҷорат” -- Маҳмадалӣ Фарзорфар, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шарикони ӯ мехостаанд, рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон аз нав бандубаст намуда, ба фурӯш бароранд: “Дар вақти санҷиш муайян карда шуд, ки тарзи нигаҳдории маҳсулот ва шароити санитарӣ-гегиении он ба талабот мутобиқ набуда, маҳсулоти хурмои муҳлати истифодаашон гузаштаи ба ҳам часпидаро соҳибкор бо иштироки якчанд нафар коргарон ба зарфҳои махсус рехта, бо об аз нав шуста, ба қуттиҳои нав ҷойгир намуда, барои фурӯш омода мекард, ки аз ин маҳсулот мазза ва бӯйи туршӣ баръало эҳсос мегардад.

Дар “Тоҷикстандарт” мегӯянд, соҳибкорон бо назардошти ин ки дар моҳи Рамазон талабот ба хурмо ва ҳалво зиёд мегардад, барои ба даст овардани даромади бештар талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” ва регламенти техникии Тоҷикистон “Дар бораи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ”-ро вайрон мекунанд.

Моҳи октябри соли гузашта ҳам 60 тонна хурмои хушки эронӣ, ки муҳлати истеъмолаш гузашта буд, дар истгоҳи роҳи оҳани “Спитамен” ошкор шуд. Он ҳам ба ширкати “Абад Тиҷорат Каспиян”-и Ҷумҳурии исломии Эрон мутаалиқ будааст, -мегяӯнд дар маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд.

Аз сабаби хароҷоти зиёд доштани интиқоли маҳсулот ба мамлакати ирсолкунанда, намояндаи ин ширкат, баъди гузашти беш аз 3 моҳ бо дархости худ барои нобудсозии маҳсулот ба Маркази “Тоҷикстандарт” муроҷиат кардааст.

Сардори Маркази матбуотии Агентии “Тоҷикстандарт” Мурод Ашуров, мегӯяд соҳибкорони мо метавонанд аз кишварҳои ба мо наздик ин навъи маҳсулотро ба Тоҷикистон ворид кунанд. “Дар хусуси бастабандӣ шудани маҳсулот ҳаминро қайд карданиям, ки ин бозор аст, маҳсулотро дар куҷое хоҳанд бастабандӣ мекунанд. Маслан дар як кишвар истеҳсол мешавад дар кишвари дигар бастабандӣ шуда ба дигар кишварҳо мефурушанд”.

Аз истеъмолгарон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати кашф шудани камбудиҳо дар маҳсулот дар бозору  фурӯшгоҳҳо ба ниҳоди дахлдор муроҷиат кунанд, то мақомот тавонанд сари вақт пеши роҳи маҳсулоти пастсифатро, ки ба ҳаёти шаҳрвандон хатарнок буда метавонад, бигиранд. 

Назарҳо

Боз хам ягон "каллакалон" бизнеси хурморо харида гирифта, дигар ракибонашро аз давра берун кардааст, яъне монополияи бозори хурмо. Мисли монополияи бозори банан ва ё дилхох махсулоти дигар аз хорич. Албатта, ин бе шарикии шахсони мансабдор намешавад.

Шояд шумо суол ё назаре доред?