Хулосаи олимон: Facebook занони аз сисола болоро камбахт мекунад

Олимони Зелландияи Нав баъди як пажуҳиш ба ин хулоса расидаанд, ки бонувони болотар аз 30-сола фаъолнокии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ коҳиш диҳанд.

Тавсияи дақиқтари ин олимон он аст, ки занони ин синну сол бояд талош кунанд, нисбат ба солҳои пеш камтар вориди шабакаҳо шаванд ва матолибу аксу суратҳои онро камтар тамошо кунанд.

Пажуҳишгарон мегӯянд ин суратҳо ба бонувон эҳсоси нобоварӣ ба зебоии худро ба вуҷуд меорад. Пажуҳиш нишон додааст, ки заноне, ки чорумин ё панҷумин даҳсолаи умри худро тай мекунанд, бо пайваста дидани ин гуна расмҳо бештар аз дигарон эҳсоси камбахтӣ мекунанд. 

Ин олимон мегӯянд, заноне, ки бештар вақти худро дар саҳифаи иҷтимоии Facebook мегузаронанд, назар ба дигар ҳамсолонашон, ки хеле камтар вориди шабкаҳои иҷтимоӣ мешаванд, зиёдтар аз худ норозианд. 

Пойгоҳи интернетии MedikForum навиштааст, ки дар ин пажуҳиш бештар аз 11 ҳазор нафар ширкат кардаанд, ки 62,5 дарсади онҳо занон ва 37,5 дарсадашон мардони то 48-сола будаанд. Ҳамзамон бо ин пажуҳиш нишон додааст, ки занон бештар аз мардон аз Facebook истифода мекунанд. 

Хулосаи олимон чунин аст, ки занони бештар ширкаткунанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ назар ба онҳое, ки хеле камтар вориди  Facebook мешаванд, ба худ нобовартаранд.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Баръакс мо дар фейсбук чавон шудем, зеро дар Ватани мо ягона тасаллихонаи дилхои мо Фейсбук аст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?