Хуҷанд: Дузди собиқ баъд аз зиндон боз ғоратгарӣ кард

Як сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд бо он муттаҳам дониста мешавад, ки аз хонаи як зан маблағи зиёдро ба яғмо бурдааст.

Дафтари матбуоти РКД дар вилояти Суғд мегӯяд,  гумонбар 18 то 26-уми июли соли равон якчанд маротиба вориди хонаи истиқоматии як зан гардида, аз он ҷо маблағҳои пулии 5 ҳазор сомонӣ, 3 ҳазор доллари ИМА ва 600 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба гуфтаи манбаъ ин мард қаблан низ бо иттиҳом дуздӣ, ғоратгарӣ зиндонӣ шуда буд.

Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?